Якшанбе 21 Ҷумода-л-охира 1446 - 22 Декабр 2024
Тоҷикӣ

Шитоб кардан дар анҷом додани фариза

Савол

Оё бароям ҷоиз аст, ки фаризаи ҳаҷро як ё ду сол ба таъхир андозам? Дар ман шарти тавоноӣ (барои адои ҳаҷ) вуҷуд дорад, аммо ман мехоҳам ба дидори хонавода ва ҳамсарам биравам, ки агар имсол фаризаи ҳаҷро адо кунам, ду сол аз онҳо ғоиб хоҳам шуд. Ҳам анҷом додани ҳаҷ ва ҳам дидори хонавода бароям муяссар намешавад. Метавонам фаризаи ҳаҷро адо намоям ва ё ба дидори хонаводаам бираваму, ҳаҷро ба таъхир бияндозам. Лутфан ба мо фатво бидиҳед, сипосгузорем.

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Мусулмон бояд ба адои фаризаи ҳаҷ чун тавоно бошад, шитоб кунад, зеро ӯ намедонад, ки агар онро ба таъхир бияндозад, сарнавишташ чӣ мешавад. Аллоҳ таъоло фармудааст:

وَلِلهِ عَلَى النَّاسِ حِجُّ الْبَيْتِ مَن اسْتَطَاعَ إِلَيْهِ سَبِيلًا

سورة آل عمران: ٩٧

«Ва барои Аллоҳ, ҳаҷҷи хона (Каъба) бар мардум воҷиб аст, барои касоне, ки тавоноии рафтан ба сӯи онро дошта бошанд».   (Сураи Оли Имрон: 97).

Аз паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) ривоят шудааст, ки мефармояд:

«Нисбат ба адои ҳаҷ - яъне ҳаҷҷи фарзӣ - шитоб намоед, зеро ҳеҷ яке аз шумо намедонд, ки чӣ пешомаде барояш рух хоҳад дод».   Ривояти Имом Аҳмад раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод (1/314). Албонӣ ин ҳадисро дар китоби "Ирвоу-л-ғалил" (990) ҳасан донистааст.

     Тавфиқ аз ҷониби Аллоҳ аст.

Сарчашма: Аллаҷнату-д-доимату ли-л-буҳуси-л-илмийяти ва-л-ифто (11/17).