Душанбе 22 Ҷумода-л-охира 1446 - 23 Декабр 2024
Тоҷикӣ

Мушкилии фаромӯш кардани Қуръон

3704

Таърихи нашр : 24-06-2020

Мушоҳидаҳо : 2428

Савол

Ҳангоми хурдсол буданам ба мадрасаи дохилие рафта Қуръон аз ёд менамудам. Баъди чаҳор пора аз ёд карданам, мадрасаи Қуръонро тарк намудам, зеро ман дар як вақт, ҳам мадрасаи Қуръон ва ҳам мадрасаи оддиро хонда натавонистам. Дар он вақт ман 12-13 сола будам ва ҳануз ба балоғат нарасида будам. Оё ман ҳозир баъди гузашти бист сол гунаҳгор мешавам? Ва он чаҳор пораеро, ки аз ёд карда будам фаромуш кардаам. Мардум бароям гуфтанд, ки ин гуноҳи бузург аст, бояд онро, аз нав ёд кунӣ. Ман ҳайронам, аз шумо хоҳиш мекунам, ки ба ман кӯмак кунед.

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Шакке нест, ки фаромӯш кардан, як сифати табиъӣ дар инсон аст. Инсонро ба хотири фаромӯшхотириаш, инсон номидаанд (яъне дар забони Арабӣ ҳарфҳои аслии калимаҳои "инсон" ва "нисён", яъне фаромӯшӣ як аст). Фаромушӣ дар инсонҳо гуногун мебошад, дар яке кам ва дар дигаре зиёд ва ин ба қувваи зеҳни инсон, ки Аллоҳ таъоло онро дар инсон гуногун халқ намудааст, вобастагӣ дорад.

Агар мусалмон Қуръони Каримро доимо такрор накунад ва он қисмеро, ки аз ёд намудааст доимо нахонад, аз ёдаш меравад.

Шояд, ин ҳикматҳои зиёде дошта бошад, аз ҷумла, санҷиш ва имтиҳони дили бандагон, то ки фарқ байни диле, ки ба Қуръон алоқаи қавӣ дошта онро доимо мехонад ва байни оне, ки танҳо ҳангоми аз ёд намудан ба он алоқамандӣ пайдо намуда, баъди он ҳимматаш суст шуда, аз он руй гардонда, онро фаромӯш менамояд, муайян созад.

Шояд яке аз ҳикматҳои он, нерӯ бахшидани ангезаи мусалмон барои бисёр тиловати Қуръон намудан бошад, то ки ба ҳар як ҳарфе, ки мехонад савоби  бузург бигирад. Агар ӯ  ҳифз карда фаромӯш намекард, ҳоҷат ба тиловати зиёд набуд, пас ӯ савоби батакрор ва доимо хонданро аз даст медод. Аз ин рӯ, тарси фаромӯш нашуданаш, туро водор месозад, ки ба тиловати Қуръон аҳамият бидиҳӣ, то ки савоби ту дар назди Парвардигорат зиёд бигардад ва барои ту ба ҳар як ҳарфе, ки мехонӣ, як некӯӣ нависта мешавад ва ба ҳар некӯӣ даҳ баробар савоб дода мешавад.

Паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) ба ҳамеша қироат намудани Қуръон ташвиқ намудааст, аз тарси он, ки фаромӯш нашавад ва ҳамчунин ҳушдор додааст, ки нисбати ин амал бепарвоӣ накунанд, чигунае, ки дар ҳадисҳои зиёде омадааст, намунае аз онро инҷо зикр хоҳем кард:

1 – Бухорӣ аз Ибни Умар (Аллоҳ аз он ду хушнуд бод) ривоят кардааст, ки расулуллоҳ  (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст: "Ҳофизи Қуръон монанди соҳиби шутури баста аст. Агар ба он аҳамият дода, нигоҳ карда истод, он дар наздаш хоҳад монд ва агар нигоҳ накард, аз ӯ хоҳад рафт".   Ривояти Бухорӣ (5031).

Чихеле ки маълум аст, агар шутур аз дасти соҳибаш раҳо ёфта равад, онро танҳо баъд аз машаққати зиёд, метвон дубора ба даст овард, пас ҳофизи Қуръон низ агар ҳамеша такрор ва онро аз назар нагузаронад, аз ӯ раҳо мешавад ва бозгардонидани он машаққати бузургеро талаб хоҳад кард.

Ҳофиз Ибни Ҳаҷар (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) дар китоби "Фатҳу-л-борӣ" (9/79) дар шарҳи ин ҳадис чунин гуфтааст: То он даме, ки такрори онро ҳамеша ба худ лозим бигирад, ҳифзи ӯ боқӣ хоҳад монд, чигунае, ки шутур то он даме, ки бо банд басташуда аст, мавҷуд аст. Инҷо шутурро ба он хотир зикр намуд, ки он нисбат ба дигар ҳайвонот сахт мерамад ва баъди рамиданаш, ба даст овардани он хело мушкил аст.

2 – Муслим дар китоби "Саҳиҳ"-и худ, (790 ва 791) аз Абумусо (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод) ривоят кардааст, ки паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст: "Ин Қуръонро ҳамеша бихонед, қасам ба он зоте, ки ҷони Муҳаммад дар дасти Ӯст, ҳаройина он, аз шутури дар банд буда ҳам сахтар раҳоёбанда аст".

3 – Бухорӣ (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) аз Абдуллоҳ ривоят кардааст, ки паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст: "Чӣ қадар бад аст, вақте яке аз шумо мегӯяд, ки ман фалон ва фалон оятро фаромӯш кардаам, балки (бигӯяд) фаромӯш гардонида шуданд. Қуръонро ёдоварӣ бикунед, зеро ки он аз синаи мардон, аз ҳайвонот ҳам тезтар раҳоёбанда аст".   Саҳиҳи Бухорӣ (5032).

Ҳофиз Ибни Ҳаҷар дар китоби "Фатҳу-л-борӣ" (9/81) чунин гуфтааст: Ибни Баттол гуфтааст, ки ин ҳадис ба ду оят мувофиқат мекунад: Яккум, гуфтаи Аллоҳ таъоло: "Зеро мо ба зудӣ ба ту сухани вазнинеро нозил хоҳем кард". (Сураи Музаммил: 5). Дуввум, сухани Аллоҳ таъоло: "Мо Қуръонро барои ёдрасӣ осон сохтем". (Сураи Қамар: 17).

Пас шахсе, ки ба Қуръон рӯй оварда, онро ҳамеша хонад, ба ӯ он осон гардонида мешавад. Ва шахсе, ки аз он рӯй гардонад, аз ӯ раҳо хоҳад шуд.

Ин ҳадис аз тарси фаромӯш шудани Қуръон, бар давом такрор кардани сураҳои ҳифзшуда ва ба ҳамеша тиловат намудан, ташвиқ мекунад. Паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) ин масъаларо ба он хотир овардааст, ки он дар равшани андохтани чизи дилхоҳ наздиктар аст. Чигунае, ки инро бо қасам таъкид намудаст,  فَوَالَّذِي نَفْسُ مُحَمَّدٍ بِيَدِهِ  "қасам ба он зоте, ки ҷони Муҳаммад дар дасти Ӯст" ин таъкид барои муҳим будани такрор ва аз назар гузаронии сураҳои ҳифзшудаи Қуръон, мебошад.

3 - Аммо он чизе, ки аз Анас ибни Молик (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод) ривоят шудааст, ки расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст: "Гуноҳони уммати ман бароям пешкаш карда шуданд, пас ягон гуноҳеро бузургтар аз гуноҳи марде, ки сура ё ояте аз Қуръонро аз ёд намуда, баъд аз он онро фаромӯш кардааст, наёфтаам".

Ин ҳадис заъиф мебошад, Бухорӣ ва Тирмизӣ ин ҳадисро заъиф шуморидаанд, ба китоби "Мишкоту-л-масобиҳ"-и таҳқиқи Албонӣ рақами (720) назар бикун.

Имом Ибни Мунодӣ (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) дар китоби "Муташобиҳу-л-Қуръон" (саҳ 52) чунин гуфтааст:

Гузаштагон, ҳамеша аз фаромӯш кардани Қуръон баъди ҳифз, метарсониданд, зеро ин инсонро нуқсондор мекунад.

Суютӣ (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) дар китоби "Ал-Итқон" (1106) гуфтааст:

Фаромӯш кардани Қуръон, аз гуноҳони кабира ба шумор меравад. Имом Нававӣ дар китоби "Ар-Равза" ва дигар уламо бо дарназардошти ҳадиси  عُرِضَتْ عَلَيَّ ذُنُوبُ أُمَّتِي  "Гуноҳони умматонам бароям пешкаш карда шуданд", дар ин назаранд.

Яке аз афзалтарин чизе, ки ба пурқувват шудани ҳифзи Қуръон ёрӣ медиҳад, ин дар намоз тиловат намудани он аст, хусусан дар намози шаб, гузаштагон рӯзона Қуръон тиловат мекарданду, дар шаб бо он намоз мегузоштанд.

Бинобар ин, эй бародари саволдиҳанда, ҳарвақто, ки ту барои аз назар гузаронидан ва такрор кардани Қуръон кӯшиш намуда, гоҳо баъзеи онро фаромӯш кунӣ, ягон гуноҳе бароят нахоҳад буд. Ҳамаи мазаммату маломат бар касест, ки кӯтоҳиву сустӣ карда, онро аз даст бидиҳад ва такрорро тарк кунад. Аз Аллоҳ мепурсем, ки моро мағфират намояд.

Эй Аллоҳ, Қуръони Азимро баҳори дили мо ва нури синаҳои мо ва хориҷкунандаи ғаму андуҳи мо бигардон. Эй Аллоҳ, он чизеро аз он намедонем, ба мо таълим бидеҳ ва он чизеро аз он фаромӯш кардаем, ба мо ёдрас бикун, ҳаройина Ту Шунавову Доноӣ.

       Аллоҳ донотар аст.

Сарчашма: Шайх Муҳаммад Солеҳ Ал-Мунаҷҷид