Ҷумъа 21 Ҷумода-л-уло 1446 - 22 Ноябр 2024
Тоҷикӣ

Талаффуз намудани нияти рӯза бидъат аст

Савол

Мо дар Ҳиндустон барои рӯза чунин ният мекунем: "Эй Аллоҳ! Барои Ту ҷиддиёна рӯза мегирам. Пас гуноҳони гузашта ва ояндаамро биёмурз". Маънои инро намедонам, вале оё ин нияти дуруст аст? Агар ин дуруст бошад, лутфан маънояшро ба ман бигӯед ва ё нияти дурустеро, ки дар Қуръон ва ё ҳадис ворид шудааст, ба ман бигӯед.

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Рӯзаи Рамазон ва дигар ибодатҳо бе ният дуруст намегардад, зеро паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) мефармояд: «Ҳаройина амалҳо ба ниятҳо вобастагӣ доранд ва ҳар шахс мутобиқи нияташ савоб ба даст меоварад . . . то охири ҳадис».   Ривояти Бухорӣ (1) ва Муслим (1907).

Шарти ният ин аст, ки он бояд дар шаб ва пеш аз дамидани субҳ анҷом дода шавад, зеро паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст: «Ҳар кас пеш аз дамидани субҳ рӯзаро ният накунад, ӯ рӯзае надорад (яъне рӯзааш дуруст нест)».   Тирмизӣ (730) ин ҳадисро ривоят кардааст. Лафзи Насоӣ (2334) чунин аст: «Ҳар кас аз шаб рӯзаро ният накунад, ӯ рӯзае надорад (яъне рӯзааш дуруст нест)».   Албонӣ ин ҳадисро дар китоби "Саҳиҳу-т-тирмизӣ" (583) саҳеҳ донистааст.

Маънои он ин аст, ки ҳар кас рӯзаро ният накунад ва аз шаб ба анҷом додани он азм нанамояд, ӯ рӯзае надорад (яъне рӯзааш дуруст нест).

Ният амали қалбӣ мебошад, ки мусулмон бо қалбаш азм менамояд, ки ӯ пагоҳ рӯза мегирад. Барои ӯ машрӯъ нест, ки онро (бо забон) талаффуз намояд ва бигӯяд: Рӯзаро ният кардам ва ё барои Ту ҷиддиёна рӯза мегирам . . . ва ё дигар ибораҳое, ки баъзе аз мардумон эҷод кардаанд.

Нияти дуруст ин аст, ки инсон бо қалбаш азм намояд, ки ӯ пагоҳ рӯза мегирад.

Ва барои ҳамин, Шайху-л-ислом (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) дар "Ал-Ихтиёрот" (саҳ 191) гуфтааст:

Ҳар кас аз дилаш гузаронад, ки пагоҳ рӯза мегирад, пас ба таҳқиқ ният кардааст. Поёни сухан.

Аз Кумитаи доимӣ пурсиданд:

Чигуна инсон рӯзаи Рамазонро ният мекунад?

Чунин посух доданд:

Ният бо азм бар рӯза ҳосил мешавад ва бояд ҳар шаб барои рӯзаи Рамазон ният карда шавад. Поёни сухан.

"Фатово-л-лаҷнату-д-доима" (10/246).

     Аллоҳ донотар аст.

Сарчашма: Ислом савол ва ҷавоб