Якшанбе 21 Ҷумода-л-охира 1446 - 22 Декабр 2024
Тоҷикӣ

Зиёрати қабристон дар ҳангоми рӯза

Савол

Оё рафтан ба қабристон дар ҳангоми рӯза бароямон ҷоиз аст?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Рафтан ба қабристон барои зиёрати он, дар ҳангоми рӯза ҳеҷ монеияте надорад. Паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) сароҳатан фармудааст: «Огоҳ бошед, пас онро зиёрат бикунед». Зоҳири ин ҳадис далолат мекунад, ки вақти он ом аст. (Яъне ҳар вақт, ки бихоҳӣ, метавонӣ ба зиёрати қабристон биравӣ).

Аз Абуҳурайра ривоят шудааст, ки гуфт: Расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) ба саҳобагони худ гуфт: Чӣ касе аз шумо имрӯз рӯза гирифтааст? Абубакр гуфт: Ман. Фармуд: Чӣ касе аз шумо имрӯз дар ҷанозае иштирок кардааст? Абубакр гуфт: Ман. Фармуд: Оё касе аз шумо бемореро аёдат намудааст? Абубакр гуфт: Ман. Фармуд: Оё касе аз шумо садақае кардааст? Абубакр гуфт: Ман. Паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд: «Ин сифатҳо дар марде ҷамъ намешаванд, магар ин, ки вориди биҳишт мешавад».   Ривояти Муслим. 

     Аллоҳ донотар аст.

Сарчашма: Ислом савол ва ҷавоб