Душанбе 22 Ҷумода-л-охира 1446 - 23 Декабр 2024
Тоҷикӣ

Рӯзаи Рамазон бо вуҷуди бенамозӣ пазируфта намешавад

Савол

Ман дар моҳи Рамазон рӯза мегирам, вале намоз намехонам. Оё рӯзаам дуруст мебошад?

Матни ҷавоб

Ҷавоб:

Рӯзаи Рамазон, балки ягон амале аз амалҳо бо вуҷуди бенамозӣ пазируфта нахоҳад шуд, зеро бенамозӣ куфр аст. Паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст: «Албатта байни мард ва ширку куфр ин тарки намоз аст».   Ривояти Муслим (82). Ба саволи (5208) руҷӯъ кун.

Аз кофир ягон амале пазируфта намешавад, зеро Аллоҳ таъоло фармудааст:

وَقَدِمْنَا إِلَى مَا عَمِلُوا مِنْ عَمَلٍ فَجَعَلْنَاهُ هَبَاءً مَنْثُورًا   الفرقان/23 .

«Ва Мо ба (баррасии) амалҳое, ки анҷом додаанд, мепардозем ва ҳамаро чун зарраҳои хок барбод медиҳем».   (Сураи Фурқон: 23).

Инчунин Аллоҳ таъоло фармудааст:

لَئِنْ أَشْرَكْتَ لَيَحْبَطَنَّ عَمَلُكَ وَلَتَكُونَنَّ مِنْ الْخَاسِرِينَ   الزمر/65 .

«Агар ширк биёварӣ, бешак амалат нобуд мегардад ва ҳатман аз зиёнкорон хоҳӣ буд».   (Сураи Зумар: 65).

Паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст: «Касе ки намози асрро тарк кунад, пас ба таҳқиқ амалаш нобуд хоҳад шуд».   Ривояти Бухорӣ (553).

Маънои «амалаш нобуд хоҳад шуд». Яъне: Ботил ва бекор хоҳад шуд ва аз он манфиате нахоҳад дид.

Ҳадиси мазкур далолат мекунад, ки Аллоҳ таъоло ягон амалеро аз бенамоз қабул нахоҳад кард. Бенамоз аз амалаш ягон манфиате нахоҳад дид ва ягон амали ӯ ба назди Аллоҳ бардошта нахоҳад шуд.

Ибни Қаййим (раҳмати Аллоҳ таъоло бар ӯ бод) дар шарҳи ин ҳадис гуфтааст: Аз ҳадис маълум мешавад, ки тарки намоз ду намуд аст: (Аввал) Пурра тарк кардани намоз, тавре ки инсон ҳеҷ гоҳ намоз намехонад. Дар ин ҳолат, тамоми амалҳои инсон нобуд мегарданд. (Дуввум) Нахондани намоз дар рӯзи муайян, ки дар ин ҳолат амалҳои ҳамон рӯз нобуд мегарданд. Нобуд шудани ҳамаи амалҳо дар ҳангоми пурра тарк кардани намоз аст. (Яъне агар намозро бо пуррагӣ тарк намояд, тамоми амалҳояш нобуд мегарданд). Аммо нобуд шудани баъзе аз амалҳо дар ҳангоми тарк кардани баъзе аз намозҳо мебошад. (Яъне агар баъзе аз намозҳоро тарк намояд, баъзе аз амалҳояш нобуд мегарданд). Поёни сухан аз “Китобу-с-салот” (саҳ 65).

Ба саволдиҳанда насиҳат мекунем, ки ба сӯи Аллоҳ таъоло тавба намояд ва аз тафриту кӯтоҳӣ дар ҳаққи Аллоҳ ва гирифтор намудани нафси худ ба хашму ғазаби ва азоби Аллоҳ таъоло пушаймон гардад. Аллоҳ таъоло тавбаи бандагони тавбакунандаро мепазирад ва гуноҳонашонро мебахшад. Балки Аллоҳ таъоло ба тавбаи бандааш хеле шод мешавад. Паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) тавбакунандаро мужда дода фармудааст: «Шахси тавбакунанда аз гуноҳ, ба монанди касест, ки гӯё гуноҳ накардааст».   Ривояти Ибни Моҷа (4250). Албонӣ ин ҳадисро дар "Саҳиҳу Ибни Моҷа" (3424) ҳасан донистааст.

Бояд ба ғусл ва намоз шитоб намояд, то ин ки покии зоҳириву ботиниро ҷамъ намояд. Тавбаро ба ақиб нагузор. Нагӯй, ки пагоҳ ё баъди пагоҳ тавба хоҳам кард, зеро инсон намедонад, ки кай маргаш фаро мерасад. Пеш аз ин ки (пушаймон шавӣ ва аз) пушаймонӣ суде нест, ба сӯи Аллоҳ тавба намояд.

Аллоҳ таъоло фармудааст:

وَيَوْمَ يَعَضُّ الظَّالِمُ عَلَى يَدَيْهِ يَقُولُ يَا لَيْتَنِي اتَّخَذْتُ مَعَ الرَّسُولِ سَبِيلا ❁ يَا وَيْلَتِى لَيْتَنِي لَمْ أَتَّخِذْ فُلانًا خَلِيلا ❁ لَقَدْ أَضَلَّنِي عَنْ الذِّكْرِ بَعْدَ إِذْ جَاءَنِي وَكَانَ الشَّيْطَانُ لِلإِنسَانِ خَذُولا  الفرقان/27-29 .

«Рӯзе, ки золим дастони худро ба дандон мегазад ва мегӯяд: "Эй кош, ман ҳам бо ҳамроҳи расул роҳи имонро пеш мегирифтам. Вой бар ман! Эй кош фалониро дӯст намегирифтам. Ба ростӣ, ӯ маро аз зикр (Қуръон) пас аз он ки ба сӯи ман омада буд, гумроҳ сохт. Ва шайтон ҳамеша одамиро хору танҳо мегузорад».   (Сураи Фурқон: 27-29).

Сарчашма: Ислом савол ва ҷавоб