Панҷшанбе 20 Ҷумода-л-уло 1446 - 21 Ноябр 2024
Тоҷикӣ

Ҳукми тавоф дар вақти хутбаи ҷумъа

38592

Таърихи нашр : 11-11-2022

Мушоҳидаҳо : 1716

Савол

Ҳангоме ки имом хутбаи ҷумъа мехонад, оё ҷоиз аст, ки ман тавофи видоъ намоям?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Донишмандон дар ҳукми тавоф дар вақти хутбаи ҷумъа ихтилоф кардаанд, хоҳ тавофи воҷиб бошад, монанди тавофи ифоза, тавофи видоъ ва тавофи умра ё тавофи мустаҳаб бошад.

Моликиён онро ба намоз қиёс намуда, ин амалро мамнӯъ донистаанд. Барои намозгузор ҷоиз нест, ки дар вақти хутбаи ҷумъа намоз бихонад, ба ҷуз таҳияи масҷид, зеро ин кор эъроз аз хатиб ва саҳлангориву бепарвоӣ нисбати хутба ҳисобида мешавад. Тавоф дар ин бобат ба монанди намоз аст.

Ниг: "Мавоҳибу-л-ҷалил" (3/78).

Шофеиён тавоф дар вақти хутбаи ҷумъаро ҷоиз медонанд ва қиёс намудани онро ба намоз дуруст намеҳисобанд, зеро тавоф ба гӯш кардани хутба ягон монеияте эҷод намекунад, бар хилофи намоз, ки ғофил мондан аз хутба дар ҳоли намоз бештар аст.

Ниг: "Ал-Ғурару-л-баҳийя" (2/29) ва "Ал-Фатово-л-фиқҳияту-л-кубро" (1/239).

Шайх Ибни Ҷибрин дидгоҳи ҷоиз набудани тавоф дар вақти хутбаи ҷумъаро интихоб кардааст.

Аз ӯ пурсиданд:

Тавофи нофила барои муқиму мусофир, ҳангоме ки хатиб дар рӯзи ҷумъа хутба мехонад, чӣ ҳукме дорад?

Дар ҷавоб гуфт: "Ҳар гоҳ хатиб хутбаро шурӯъ кунад, намозгузорон бояд хутбаро бодиққат гӯш кунанд ва дар ҷойҳои худ бимонанд ва ғайр аз гӯш кардани хутба машғул шудан ба чизи дигар ҷоиз нест, магар касе, ки ҳангоми хутба (ба масҷид) ворид шавад, ки ӯ ду ракъат намоз мегузорад, вале онро сабук ва кӯтоҳ мехонад, хоҳ аз аҳли Макка бошад ё аз аҳли Макка набошад. Далелҳо бар манъ будани ҳаракат ва сухан гуфтан дар вақти хутба ом аст, ки ҳатто паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст:

«Агар имом машғули хондани хутба бошад, ба ҳамнишини худ бигӯӣ, ки хомӯш шав, ба таҳқиқ сухани беҳуда гуфтаӣ».

Ҳамингуна паёмбар аз ин калима ҳушдор дод, гарчанде ки барои намоз аст. Бар асоси ин, назари мо ин аст, ки то замоне ки имом хутбаи ҷумъа мехонад, тавоф кардан ба ҳар ҳол ҷоиз нест. Дар замони пеш имомон аз тавоф кардан дар вақти хутба манъ мекарданд, вале имомони ҳозира саҳлангорӣ карданд ва иддао доранд, ки мо пеши роҳи он нафароне, ки тавоф мекунанд, он нафароне ки мегӯянд, онҳо мусофиранд, тавофи видоъ мекунанд ва ё он нафароне, ки тавофро аз гӯш кардани хутба беҳтар медонанд, гирифта наметавонем. Аммо ин дуруст нест. Мо фикр мекунем, ки то ба охир расидани намози ҷумъа, бояд онҳо манъ карда шаванд. Аммо дар мавриди хутбаи ид бошад, тавоф кардан дар ҳангоми ин хутба ҳеҷ боке надорад, зеро он суннат аст ва барои намозгузорон воҷиб нест, ки то ба поён расидани он боқӣ бимонанд".

Поёни сухан аз маҷаллаи "Ал-Ҳарасу-л-ватанӣ" шумораи 272, таърихи 01/01/2005.

     Аллоҳ донотар аст.

Сарчашма: Ислом савол ва ҷавоб