Якшанбе 21 Ҷумода-л-охира 1446 - 22 Декабр 2024
Тоҷикӣ

Ғусл кардан барои рӯзадор ҷоиз аст

Савол

Оё ҳаммом кардан рӯзаро мешиканад?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Барои рӯзадор ҷоиз аст, ки ғусл намояд (ҳаммом кунад) ва ин ба рӯзааш ҳеҷ таъсире надорад.

Ибни Қудома дар китоби "Ал-Муғнӣ" (3/18) гуфтааст:

Ҳеҷ боке надорад, ки рӯзадор ғусл кунад.

Ва ба ҳадиси зерин истидлол кардааст, ки онро Бухорӣ (1926) ва Муслим (1109) аз Оиша ва Умми Салама ривоят кардаанд, ки гоҳо субҳ дар ҳоле медамид, ки расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) ба иллати ҳамбистарӣ бо ҳамсаронаш ҷунуб буд. Онгоҳ ғусл мекард ва рӯза медошт.

Ва Абудовуд (2365) аз баъзе саҳобагони паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) ривоят карда, ки мегӯяд: Расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод)-ро дидам, ки аз сабаби ташнагӣ ва гармӣ бар сари худ об мерехт, дар ҳоле ки ӯ рӯзадор буд.   Албонӣ ин ҳадисро дар китоби "Саҳиҳу Абидовуд" саҳеҳ донистааст.

Дар китоби "Авну-л-маъбуд" омадааст:

Дар ин ҳадис далел аст, ки рӯзадор метавонад гармиро бо рехтани об бар баъзе аз қисмати бадан ва ё ҳама ҷои он бартараф кунад. Аксари донишмандон бар ин назаранд ва онҳо байни ғусли воҷиб ва ё суннат ва ё мубоҳ фарқе нагузоштаанд. Поёни сухан.

Имом Бухорӣ (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) гуфтааст:

Боби ғусл кардани рӯзадор. Ибни Умар (Аллоҳ аз он ду хушнуд бод) пироҳанеро тар карда ба худ мекашид дар ҳоле, ки рӯзадор буд. Шаъбӣ дар ҳоли рӯзадорӣ вориди ҳаммом шуд . . . Ҳасан мегӯяд, ки барои рӯзадор мазмаза ва хунукшавӣ ҳеҷ боке надорад.

Ҳофиз гуфтааст:

Бухорӣ гуфтааст: "Боби ғусл кардани рӯзадор". Яъне боб дар баёни ҷоиз будани ғусл. Аззайн ибни Ал-Мунаййир гуфтааст: Килимаи иғтисол (ғусл кардан)-ро мутлақан зикр намудааст, то ғуслҳои суннат, воҷиб ва мубоҳро дар бар бигарад. Гӯё ӯ ба заиф будани ривояте ишора намудааст, ки он аз Алӣ оиди наҳй намудани рӯзадор аз дохил шудани ҳаммом ривоят шудааст. Абдурраззоқ он ҳадисро ривоят кардааст. Санади он заиф аст. Поёни сухан.

     Аллоҳ донотар аст.

Сарчашма: Ислом савол ва ҷавоб