Якшанбе 21 Ҷумода-л-охира 1446 - 22 Декабр 2024
Тоҷикӣ

Ба хотири ҳиҷоб аз имтиҳон намегузарад

39443

Таърихи нашр : 22-05-2021

Мушоҳидаҳо : 2433

Савол

Ман мехостам бидонам, ки духтаре меҳоҳад дар як кишвари дунявӣ ҳиҷоб бипӯшад, чӣ кор кунад? Ӯ дар факултаи тиббӣ таҳсил менамояд. Ӯ метарсад, ки ӯро ба хотири ҳиҷоб аз имтиҳон меафтонанд. Дар ин ҳолат, чӣ кор кунад? Оё то ба охир расидани таҳсил интизор шавад? Аллоҳ ба шумо подоши нек диҳад.

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Бар зан воҷиб аст, ки дар назди мардони бегона ҳиҷоб бипӯшад, зеро далелҳои зиёди машҳур дар ин бобат омадааст, ба монанди ояти карима, ки Аллоҳ мефармояд:

يَا أَيُّهَا النَّبِيُّ قُلْ لأَزْوَاجِكَ وَبَنَاتِكَ وَنِسَاءِ الْمُؤْمِنِينَ يُدْنِينَ عَلَيْهِنَّ مِنْ جَلابِيبِهِنَّ ذَلِكَ أَدْنَى أَنْ يُعْرَفْنَ فَلا يُؤْذَيْنَ وَكَانَ اللَّهُ غَفُوراً رَحِيماً   الأحزاب/59

«Эй пайғамбар, ба занони худ ва духтарони худ ва занони мӯъминон бигӯ, ки чодарҳои худро бар худ фурӯ гузоранд. Ин ба он наздиктар аст, ки шинохта шаванд ва азият дода нашаванд. Ва Аллоҳ омурзандаи меҳрубон аст».   (Сураи Аҳзоб: 59).

Инчунин Аллоҳ таъоло мефармояд:

 وَقُلْ لِلْمُؤْمِنَاتِ يَغْضُضْنَ مِنْ أَبْصَارِهِنَّ وَيَحْفَظْنَ فُرُوجَهُنَّ وَلا يُبْدِينَ زِينَتَهُنَّ إِلا مَا ظَهَرَ مِنْهَا وَلْيَضْرِبْنَ بِخُمُرِهِنَّ عَلَى جُيُوبِهِنَّ وَلا يُبْدِينَ زِينَتَهُنَّ إِلا لِبُعُولَتِهِنَّ أَوْ آبَائِهِنَّ أَوْ آبَاءِ بُعُولَتِهِنَّ أَوْ أَبْنَائِهِنَّ أَوْ أَبْنَاءِ بُعُولَتِهِنَّ أَوْ إِخْوَانِهِنَّ أَوْ بَنِي إِخْوَانِهِنَّ أَوْ بَنِي أَخَوَاتِهِنَّ أَوْ نِسَائِهِنَّ أَوْ مَا مَلَكَتْ أَيْمَانُهُنَّ أَوِ التَّابِعِينَ غَيْرِ أُولِي الْإِرْبَةِ مِنَ الرِّجَالِ أَوِ الطِّفْلِ الَّذِينَ لَمْ يَظْهَرُوا عَلَى عَوْرَاتِ النِّسَاءِ وَلا يَضْرِبْنَ بِأَرْجُلِهِنَّ لِيُعْلَمَ مَا يُخْفِينَ مِنْ زِينَتِهِنَّ وَتُوبُوا إِلَى اللَّهِ جَمِيعاً أَيُّهَا الْمُؤْمِنُونَ لَعَلَّكُمْ تُفْلِحُونَ    النور/31

«Ва ба занони мӯъмин бигӯ, ки чашмони худро бипӯшанд ва шармгоҳи худро нигоҳ доранд ва ороиши худро ошкоро накунанд, магар он чи аз он намоён аст ва бояд ки сарандозҳои худро бар гиребонҳои худ фурӯ гузоранд ва ороиши худро намоён накунанд, магар ба шавҳарони худ, ё падарони худ, ё падарони шавҳарони худ, ё писарони худ, ё писарони шавҳарони худ, ё бародарони худ, ё писарони бародарони худ, ё писарони хоҳарони худ, ё занони (ҳамдини) худ (яъне занони мусулмон), ё ғуломони худ, ё пайравоне аз мардон, ки соҳиби шаҳват набошанд, ё кӯдаконе, ки ҳанӯз бар шармгоҳи занон огоҳ нашудаанд. Ва (ҳангоми роҳ рафтан) заминро ба пои хеш назананд, то он чи аз зинати худ, ки пинҳон кардаанд, дониста шавад. Ва эй мӯъминон, ҳама якҷо ба сӯи Аллоҳ тавба кунед, бошад ки растагор шавед».   (Сураи Нур: 31).

Кашидани ҳиҷоб бо сабаби таҳсил, ҷоиз нест, зеро он зарурате нест, ки чизи ҳаромкардаи Аллоҳро ҳалол гардонад. (Яъне дар баъзе ҳолат заруратҳое вуҷуд доранд, ки чизҳои ҳаромро ҳалол мегардонанд, ба монанди хӯрдани гӯшти мурда ба шахсе, ки аз гуруснагӣ мемирад ва ғайр аз гӯшти мурда дигар хӯрокеро пайдо намекунад, дар ин ҳолат гӯшти мурда барои ӯ ҳалол аст). Ба ин духтарак воҷиб аст, ки дар динаш устувор бимонад ва ҳиҷобашро риоя намояд, гарчанде ки ин ба тарк кардани таҳсил сабаб гардад.

Бояд донист, ки касе ба Аллоҳ таваккал намояд, Ӯ барояш ҳимоятгару кофист. Касе аз Аллоҳ битарсад (ва парҳезгорӣ намояд), Аллоҳ корҳояшро осон мегардонад. Чуноне ки Аллоҳ таъоло мефармояд:

وَمَنْ يَتَّقِ اللَّهَ يَجْعَلْ لَهُ مَخْرَجاً. وَيَرْزُقْهُ مِنْ حَيْثُ لا يَحْتَسِبُ وَمَنْ يَتَوَكَّلْ عَلَى اللَّهِ فَهُوَ حَسْبُهُ إِنَّ اللَّهَ بَالِغُ أَمْرِهِ قَدْ جَعَلَ اللَّهُ لِكُلِّ شَيْءٍ قَدْراً      الطلاق / 2 ،3 .

«Ва ҳар кӣ аз Аллоҳ битарсад, барои ӯ роҳи раҳоӣ аз мушкилотро қарор медиҳад. Ва ӯро аз ҷое, ки гумон надорад, рӯзӣ медиҳад. Ва ҳар кӣ бар Аллоҳ таваккал кунад, Ӯ барояш кофист. Ҳароина, Аллоҳ амри худро ба анҷом мерасонад ва Аллоҳ барои ҳар чизе андозае қарор додааст».   (Сураи Талоқ: 2-3).

Бинобар ин, ба масхараву азияте, ки мувоҷеҳ мешавад, сабр намуда, аҷре ки Аллоҳ ба бандагони дар дин  устувор омода кардааст, ба хотир оварад. Чуноне ки  паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) мефармояд: «Бешак пас аз шумо замоне меояд, ки  аҷри бандаи устувор дар дин, ба монанди аҷри панҷоҳ шаҳид аст».   Табаронӣ ин ҳадисро аз Ибни Масъуд ривоят кардааст. Албонӣ ин ҳадисро дар китоби "Саҳиҳу-л-ҷомиъ" (2234) саҳеҳ донистааст.

   Аллоҳ донотар аст.

Сарчашма: Ислом савол ва ҷавоб