Собит шудааст, ки ҳаҷ ҷиҳоди занон ба ҳисоб меравад.
Бухорӣ (1520) аз Оиша, модари мӯъминон (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод), ривоят мекунад, ки ӯ гуфтааст: Эй расулуллоҳ, мо ҷиҳодро беҳтарин амал мешуморем. Оё мо ҷиҳод намекунем? Фармуд: «Не, балки беҳтарин ҷиҳод ҳаҷҷи мақбул аст».
Ҳамчунин, дар ривояти Ибни Моҷа (2901) аз Оиша (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод) омадааст, ки гуфт: Гуфтам: Эй расулуллоҳ! Оё бар занон ҷиҳоде ҳаст?
Фармуд: «Бале, бар онҳо ҷиҳоде ҳаст, ки дар он ҷанг нест: ҳаҷ ва умра».
Аммо дар ҳадис наомадааст, ки агар зан дар ҷараёни адои ҳаҷ вафот кунад, савоби шаҳодатро ба даст меорад. Зеро савоби ҷиҳод ҳатман ба маънои савоби шаҳодат намебошад.
Вале агар зан орзуи расидан ба мартабаи шаҳодатро дошта бошад, барои ноил шудан ба он пайваста дуо намояд ва ба хотири он ки ҳаҷ ягона навъи ҷиҳодест, ки барояш дастрас мебошад, маҳз бо ҳамин ният ба адои ҳаҷ рӯ оварад, пас агар ӯ дар ин ҳолат вафот кунад, умед аст, ки бар асоси нияти содиқонааш савоби шаҳодатро дарёфт менамояд. Ин, албатта, ба он маъно нест, ки худи вафот дар ҷараёни ҳаҷ ба танҳоӣ шаҳодат маҳсуб мешавад, балки ба хотири ният аст.
Ин мазмун бар умумияти ҳадиси Саҳл ибни Абуумома ибни Саҳл ибни Ҳунайф, аз падараш ва аз падаркалонаш, аз паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) асос меёбад, ки фармудааст: «Ҳар кас бо сидқу ихлос аз Аллоҳ таъоло шаҳодат талаб кунад, Аллоҳ таъоло ӯро ба мартабаҳои шаҳидон мерасонад, ҳатто агар дар бистари худ вафот намояд». Ривояти Муслим (1909).
Нававӣ (Аллоҳ ӯро раҳм кунад) гуфтааст:
"Сухани паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод): «Ҳар кас шаҳодатро бо сидқ талаб намояд, ба ӯ дода мешавад, ҳатто агар ба он ноил нагардад». Ва дар ривояти дигар омадааст: «Ҳар кас бо сидқу ихлос аз Аллоҳ таъоло шаҳодат талаб кунад, Аллоҳ таъоло ӯро ба мартабаҳои шаҳидон мерасонад, ҳатто агар дар бистари худ вафот намояд». Маънии ривояти аввал тавассути ривояти дувум равшан мегардад. Мазмуни ҳар ду ривоят он аст, ки ҳар гоҳ шахс бо ихлос шаҳодатро талаб намояд, савоби шаҳидон ба ӯ дода мешавад, ҳарчанд дар бистари худ вафот кунад. Дар ин ҳадис ҳамчунин ба мустаҳаб будани дархости шаҳодат ва фазилати нияти нек ишора шудааст". Поёни сухан.
"Шарҳи Саҳиҳи Муслим" (13/55).
Аллоҳ донотар аст.