Панҷшанбе 18 Ҷумода-л-охира 1446 - 19 Декабр 2024
Тоҷикӣ

Оё рӯзаи даҳ рӯзи Зулҳиҷҷа аз ҷумла рӯзи ид мустаҳаб аст?

Савол

Дар сомонаи шумо оиди фазилати рӯзаи Арафа хондам. Вале ман оиди фазилати рӯзаи даҳаи Зулҳиҷҷа низ хондаам. Оё ин дуруст аст? Агар дуруст бошад, оё метавонед бароям фаҳмонед, ки нӯҳ рӯз рӯза бигирем ва ё даҳ рӯз? Зеро рӯзи даҳум рӯзи ид аст.

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Рӯзаи нӯҳ рӯзи Зулҳиҷҷа мустаҳаб аст. Далели он сухани паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) аст, ки дар ҳадиси Ибни Аббос (Аллоҳ аз он ду хушнуд бод) омадааст: "Ҳеҷ рӯзҳое нест, ки амалҳои нек дар он рӯзҳо назди Аллоҳ маҳбубтар аз ин рӯзҳои даҳгона, яъне даҳаи Зулҳиҷҷа бошад. Гуфтанд: Эй расулуллоҳ! Ҳатто ҷиҳод дар роҳи Аллоҳ? Расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд: Ҳатто ҷиҳод дар роҳи Аллоҳ, магар марде, ки бо ҷону молаш хориҷ шавад ва ҳеҷ якеро пас наёварад".   Ривояти Бухорӣ (969).

Аз Ҳунайда ибни Холид аз ҳамсараш аз баъзе ҳамсарони паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) ривоят шудааст, ки гуфт: "Паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) нӯҳ рӯзи Зулҳиҷҷа ва рӯзи Ошуро ва се рӯз аз ҳар моҳ, аввалин душанбеи моҳ ва ду панҷшанберо рӯза мегирифт".   Ривояти Имом Аҳмад (21829) ва Абудовуд (2437). Дар "Насбу-р-рояҳ" (2/180) ин ҳадис заиф дониста шудааст ва Албонӣ ин ҳадисро саҳеҳ шуморидааст.

Аммо рӯзаи рӯзи ид ҳаром аст. Далели он ҳадиси Абусаиди Худрӣ (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод) аст: "Паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) аз рӯзаи рӯзи иди Фитр ва иди Қурбон манъ намудааст".   Ривояти Бухорӣ (1992) ва Муслим (827).

Донишмандон бар ҳаром будани рӯзаи рӯзи иди Фитр ва иди Қурбон иҷмоъ намудаанд.

Аз ин хотир, амали солеҳ дар ин рӯзҳои даҳгона аз дигар рӯзҳо беҳтар аст. Аммо рӯза танҳо дар нӯҳ рӯзи аввали он анҷом дода мешавад. Рӯзи даҳум рӯзи ид аст, рӯза гирифтани он ҳаром мебошад.

Бинобар ин, мақсад аз (фазилати рӯзаи даҳаи Зулҳиҷҷа) танҳо нӯҳ рӯз рӯза гирифтан аст. Истифода бурдани лафзи даҳа бар ваҷҳи тағлиб аст.

Ниг: "Шарҳи Муслим"-и Нававӣ, ҳадиси рақами (1176).

Сарчашма: Ислом савол ва ҷавоб