Панҷшанбе 18 Ҷумода-л-охира 1446 - 19 Декабр 2024
Тоҷикӣ

Озмоиши доруҳои пизишкӣ дар ҳайвонот

4176

Таърихи нашр : 05-01-2024

Мушоҳидаҳо : 684

Савол

 

Оё бо мақсади рушди тиб ва доруворӣ гузаронидани тадқиқот дар ҳайвонот ҷоиз аст?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Мо ин саволро ба Ҷаноби Шайх Муҳаммад ибни Солеҳ Ал-Усаймин (Аллоҳ ӯро ҳифз кунад) матраҳ намудем, ӯ чунин посух дод: 
Ман бо назардошти умумияти фармудаи Аллоҳ таъоло дар ин кор ҳеҷ бокеро намебинам:

 

هُوَ ٱلَّذِى خَلَقَ لَكُم مَّا فِى ٱلْأَرْضِ جَمِيعًا 

سورة البقرة: ٢٩

«Ӯ зотест, ки ҳар он чиро, ки дар замин вуҷуд дорад, барои шумо офарид».   (Сураи Бақара: 29).

Вале дар озмоиш бояд осонтарин равиш (ва дуртарин тариқа аз шиканҷаи ҳайвонот) риоя шавад.
Аллоҳ донотар аст.

 

Сарчашма: Шайх Муҳаммад ибни Солеҳ Ал-Усаймин