Падараш аз ӯ талаб мекунад, ки сигор бихарад

2,591

Савол 4270

Оё ҷоиз аст, ки барои касе сигор бихарам? Агар ин ҷоиз набошад, оё ин ба падар ҳам дахл дорад, ҳар гоҳ аз ман дархост намояд? Аллоҳ бароятон подоши некӯ диҳад.

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ ва дуруду паём ба расулуллоҳ ва баъд:

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Барои шумо ҷоиз нест, ки ба падари худ чизеро, ки истеъмоли он ҳаром аст, бихаред, хоҳ сигор бошад, хоҳ афюн, хоҳ ҳашиш бошад, хоҳ шароб ва хоҳ чизе дигаре бошад, ҳатто агар ӯ ба ин кор амр намояд, зеро аз паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) собит шудааст, ки мефармояд: «Итоати махлуқ дар нофармонии офаридгор (Аллоҳ) ҷоиз нест».

Инчунин аз паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) собит шудааст, ки мефармояд: «Итоат танҳо дар корҳои хуб раво аст».

Шумо бояд ба ӯ насиҳат кунед ва аз ӯ ба хотири нахаридани сигор боадабона бахшиш пурсед.

Сарчашма

Некӣ ба волидайн
Хариду фурӯшҳои ҳаром

Сарчашма: 

Фатово-л-лаҷнату-д-доима: 13/64

Хадамоти обуна тавассути почтаи электронӣ

Ба рӯйхати почтаи электронӣ ҳамроҳ шавед, то навигариҳои сомона ва навсозиҳои даврӣ дастраси шумо гардад

Барномаи ИсломQA

Доступи суръати зиед ба мазмун ва имконияти парракашшудан бе-Интернет

App StoreGoogle Play