Ҷумъа 21 Ҷумода-л-уло 1446 - 22 Ноябр 2024
Тоҷикӣ

Ӯ фаҳмид, ки тӯҳфа моли дуздидашуда будааст

4272

Таърихи нашр : 19-02-2024

Мушоҳидаҳо : 654

Савол

Амакам ба ман компютер тӯҳфа кард. Баъдтар фаҳмидам, ки дастгоҳ дуздидашуда будааст. Амакам онро аз кӯча харидааст. Оё ман метавонам компютерро (бо худ) нигоҳ дорам (ва онро истифода барам), зеро он туҳфаи амакам аст ё бояд онро ба соҳибаш баргардонам? Чунки ман суроғаи ӯро дар компютер ёфтам.

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Барои шумо ҷоиз нест, ки онро нигоҳ доред ва бояд онро ба соҳибаш баргардонед. Ин амонат дар дасти шумост, ки бояд ҳарчи зудтар баргардонида шавад. Амаки шумо бояд пули онро аз фурӯшанда талаб кунад, зеро ӯ чезеро, ки моликаш набуд, фурӯхтааст.

Аллоҳ донотар аст.

Сарчашма: Шайх Муҳаммад Солеҳ Ал-Мунаҷҷид