Ҷумъа 19 Ҷумода-л-охира 1446 - 20 Декабр 2024
Тоҷикӣ

Ҳукми даллолӣ кардан

Савол

Ҳукми даллолӣ кардан чист? Оё пуле, ки даллол мегирад, ҳалол аст?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Даллолӣ: Воситагӣ (миёнаравӣ) дар байни фурӯшанда ва харидор аст.

Даллол: Шахсест, ки байни фурӯшанда ва харидор даромада,  барои хариду фурӯш миёнаравӣ мекунад. Ӯ даллол (далолаткунанда, раҳнамо) номида мешавад, чунки ӯ харидорро ба мол ва фурӯшандаро ба нарх раҳнамоӣ мекунад.   Поёни сухан аз "Ал-Мавсуъату-л-фиқҳия" (10/151).

Мардум ба даллол эҳтиёҷи зиёд доранд, зеро қисми зиёди мардум дар хариду фурӯш тариқаи нархгузориро намедонанд. Баъзеи дигар бошанд, қудрати чизи харидаашонро санҷидану айбҳояшро пайдо карданро надоранд. Баъзеи дигар барои хариду фурӯш вақт надоранд. Ба ҳамин хотир, даллолӣ кори фоиданок мебошад, зеро аз ин кор фурӯшанда, харидор ва даллол фоида мебарад.

Бояд даллол дар миёнаравӣ байни фурӯшандаву харидор бисёр огоҳ бошад, ман дар ин кор таҷрибаи зиёд дорам ва ин корро хуб анҷом дода метавонам, гуфта, ба яке аз онҳо (яъне ба фурӯшанда ва ё ба харидор) зиён нарасонад.

Бояд даллол шахси амонатдору ростгӯ бошад, ба хотири дӯстӣ тарафи яке аз онҳоро нагирад ва ба фоидаи яке аз онҳо амал накунад, балки айбҳо ва имтиёзоту бартариҳои молро бо амонату ростгӯӣ баён кунад ва фурӯшанда ё харидорро фиреб накунад.

Ҷамъе аз имомон ҷоиз будани даллолӣ ва раво будани гирифтани музди даллолиро ба таври равшан баён намудаанд.

Аз Имом Молик (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) оиди музди даллол пурсиданд. Дар ҷавоб гуфт: Ҳеҷ боке надорад.   "Ал-Мудаввана" (3/466).

Имом Бухорӣ дар китоби "Саҳиҳ"-и худ гуфтааст:

"Боби музди даллолӣ. Ибни Сирин, Ато, Иброҳим ва Ҳасан дар гирифтани музди даллол ҳеҷ ҳараҷеро намебинанд.

Ибни Аббос гуфтааст: Агар бигӯяд, ки ин либосро бифурӯш ва агар аз чунин нарх зиёд бифурӯшӣ, он барои ту аст, ҳеҷ боке надорад.

Ибни Сирин гуфтааст: Агар бигӯяд, ки онро ба чунин нарх бифурӯш. Агар фоида монад, барои ту аст ва ё байнамон тақсим мекунем, ҳеҷ боке надорад.

Паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст: «Мусулмонон бар шартҳои худ вафодоранд».   Сухани Имом Бухорӣ ба охир расид.

Ибни Қудома дар китоби "Ал-Муғнӣ" (8/42) гуфтааст:

"Ҷоиз аст, ки даллолеро барои харидани либос киро намояд. Ибни Сирин, Ато ва Нахаъӣ ба ин чиз иҷозат додаанд. . . Киро намудани даллол ба муддати  муайян ҷоиз аст, масалан даллолеро барои даҳ рӯз киро мекунад ва ӯ дар ин даҳ рӯз барои ӯ харид мекунад, зеро муддат ва кор маълум аст. . .  Агар корро бидуни муддат муайян кунад, аз ҳар ҳазор дирҳам барои ӯ маблағи муаёянеро ҷудо кунад, ин амал ҳам дуруст аст. . 

Агар даллолеро барои фурӯхтани либоси муайяне киро кунад, дуруст аст. Шофеӣ чунин гуфтааст, зеро он амали раво буда, каси дигареро ба ҷои худ таъин намудан ҷоиз аст. Ин кор маълум аст, аз ин рӯ, каси дигареро киро кардан ҷоиз аст, ба монанди харидани либос". Поёни сухан бо ихтисор.

Аз Кумитаи доимӣ оиди соҳиби дафтари тиҷоратие пурсиданд, ки барои маҳсулоти ширкатҳоро дар бозор ба фурӯш гузоштан, миёнаравӣ мекунад. Ширкатҳо намунае аз маҳсулоташро  ба ӯ мефиристанд. Ӯ бошад, ин маҳсулотро дар бозор пешкаши тоҷирон намуда, бо нахри худи ширкат ба онҳо мефурӯшад ва ҳаққи хизматашро аз ширкат мегирад. Оё бо ин амал гунаҳгор мешавад?

Чунин ҷавоб доданд:

"Агар чи тавре ки зикр шуд, воқеан чунин бошад, гирифтани ҳаққи хизмат бароятон ҷоиз аст ва гуноҳе бар шумо навишта намешавад". Поёни сухан.

"Фатово-л-лаҷнату-д-доима" (13/125).

Аз Шайх Ибни Боз оиди ҳукми ҷустуҷӯ намудани мағоза ё хонаи истиқоматӣ (квартира) барои иҷорагиранда дар муқобили музде, ки ӯ барои касе, ки дархосташро пайдо менамояд, пардохт мекунад, пурсиданд.

Шайх Ибни Боз чунин ҷавоб дод:

"Ин амал ҳеҷ боке надорад. Ин музд аст ва онро саъю кӯшиш меноманд. Шумо бояд барои пайдо намудани мағозаи муносиб ба иҷорагиранда саъю кӯшиш кунед. Агар шумо дар ин кор ба ӯ кӯмак карда, барои ӯ макони муносиберо пайдо намоед, дар иттифоқ намудан бо соҳиби он мағоза барои ӯ кӯмак кунед, ҳамаи ин муомилаҳо иншоаллоҳ ҳеҷ боке надоранд, ба шарте, ки дар ин муомила фиребу хиёнат вуҷуд надошта бошад, балки бо ростиву амонат сурат бигирад. Агар шумо дар пайдо намудани чизи дилхоҳи ӯ бо ростӣ ва амонат муомила намуда, ҳам ӯро ва ҳам соҳиби мағозаро фиреб ё зулм накарда бошед, иншоаллоҳ, шумо дар роҳи хайр ҳастед". Поёни сухан.

"Фатово"-и Шайх Ибни Боз (19/358).

Сарчашма: Ислом савол ва ҷавоб