Якшанбе 21 Ҷумода-л-охира 1446 - 22 Декабр 2024
Тоҷикӣ

Марде ду ҳамсар дорад, пас оё ӯ бояд ду қурбонӣ кунад?

45768

Таърихи нашр : 06-07-2022

Мушоҳидаҳо : 1717

Савол

Ман ду зан дорам, ки ҳар яке аз онон дар хонаи алоҳидае аз ҳамдигар зиндагӣ мекунанд. Оё як қурбонӣ бароям кофист ва ё ду қурбонӣ лозим аст?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Барои шумо як қурбонӣ кофист. Дар ҷавоби саволи (45916) пештар зикр шуд, ки як қурбонӣ барои марду хонаводааш кофист, гарчанде ки сад нафар ҳам бошанд. Паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) аз номи худ ва хонаводаи худ як гӯсфандеро қурбонӣ намуд, дар ҳоле ки расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) ҳангоми вафот нӯҳ зан дошт.

Қуртубӣ гуфтааст:

"Аз паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) нақл нашудааст, ки ӯ ҳар яке аз занонашро ба қурбонӣ амр карда бошад, гарчанде ки қурбонӣ ҳар сол такрор мешуд ва ҳамсаронаш зиёд буданд. Агар он рӯй медод, ба мо нақл мешуд, чуноне ки дигар масъалаҳои ҷузъӣ ба мо нақл шудааст.

Суханони дар боло зикршударо ривояте таъйид менамояд, ки онро Молик, Ибни Моҷа ва Тирмизӣ, ки онро саҳеҳ донистааст, аз Ато ибни Ясор ривоят кардаанд, ки мегӯяд: Аз Абуайюб пурсидам: Қурбонӣ дар замони расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) чӣ гуна сурат мегирифт? Фармуд: «Мард аз номи худ ва аҳли хонаводааш як гусфандеро қурбонӣ мекард ва онро мехӯрданд ва дигаронро мехӯрониданд». Поёни сухан аз китоби "Фатҳу-л-борӣ". Ва ин ҳадисро Албонӣ дар "Саҳиҳу-т-тирмизӣ» саҳеҳ донистааст.

Бухорӣ (7210) аз Абдуллоҳ ибни Ҳишом (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод) ривоят кардааст, ки ӯ паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод)-ро дарк намудааст. Модараш Зайнаб бинти Ҳумайд ӯро бо худ ба назди паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) бурда, гуфт: Эй расулуллоҳ, ӯро байъат намо. Паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) гуфт: «Ӯ хурд аст». Сипас сарашро молид ва барои ӯ дуо кард. Ӯ як гусфандро аз номи ҳамаи хонаводааш қурбонӣ мекард.

Ҳофиз гуфтааст:

"(Ӯ як гусфандро аз номи ҳамаи хонаводааш қурбонӣ мекард). Ӯ Абдуллоҳ ибни Ҳишом мебошад". Поёни сухан.

Аз Кумитаи доимӣ пурсиданд:

Ман ду хона дорам, ки масофаи байни онҳо 15 км мебошад ва мехоҳам, ки қурбонӣ намоям. Оё дар ҳар як хонаам алоҳида қурбонӣ намоям ва ё дар як хона қурбонӣ кунам?

Чунин посух доданд:

"Як қурбонӣ барои ҳарду хонаи шумо кофист, модоме ки соҳиби он хонаҳо як нафар бошад, аммо агар барои ҳар як хонаҳои худ қурбонии алоҳида намоед, ин беҳтар аст". Поёни сухан.

"Фатово-л-лаҷнату-д-доима" (11/407).

Сарчашма: Ислом савол ва ҷавоб