Якшанбе 21 Ҷумода-л-охира 1446 - 22 Декабр 2024
Тоҷикӣ

Фазилати хондани Қуръон дар шаб дар ҳоле, ки мардум хобанд

45839

Таърихи нашр : 28-03-2024

Мушоҳидаҳо : 807

Савол

Қироати Қуръони карим дар шаб дар ҳоле, ки мардум хобанд, чӣ фазилате дорад?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Дар суннати саҳеҳ собит шудааст, ки Қуръон барои касе, ки онро дар шаб мехонад ва онро аз хоб афзал медонад, шафоат мекунад, чуноне ки Аҳмад (6626) аз Абдуллоҳ ибни Амр ривоят кардааст, ки расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) мефармояд:

«Рӯза ва Қуръон дар рӯзи қиёмат барои банда шафоат мекунанд. Рӯза мегӯяд: "Эй Парвардигор, ман ӯро аз хӯроку шаҳватҳо дар рӯз боздоштам. Пас шафоати маро дар ҳаққи ӯ бипазир". Қуръон мегӯяд: "Эй Парвардигор, ман ӯро аз хоби шаб боздоштам. Пас шафоати маро дар ҳаққи ӯ бипазир". Фармуд: Шафоати онон пазируфта мешавад».   Аҳмад ин ҳадисро ривоят кардааст. Албонӣ онро дар китоби "Саҳиҳу-л-ҷомиъ" зери шумораи 3882 саҳеҳ донистааст.

Паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) баён намудааст, ки қироати Қуръон дар шаб аз неъматҳоест, ки нисбати мӯъмин бар ин хислаташ метавон ҳасад бурд. Фармуд:

«Ҳасад танҳо дар ду маврид равост: Яке марде, ки Аллоҳ таъоло ба ӯ Қуръонро таълим додааст ва ӯ онро шабу рӯз тиловат менамояд. Ҳамсояаш ӯро шунида мегӯяд, ки кош ба ман ҳам ин неъмат дода мешуд, ман ҳам мисли ӯ амал мекардам. Дигаре марде, ки Аллоҳ таъоло ба ӯ молу сарвате додааст ва ӯ он молу сарватро дар роҳи ҳақ харҷ менамояд. Марде мегӯяд, ки кош ба ман ҳам ин неъмат дода мешуд, ман ҳам мисли ӯ амал мекардам».   Ривояти Бухорӣ (4738).

Тиловати Қуръон дар шаб роҳи наҷот аз ғафлат аст, чуноне ки паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) мефармояд:

«Касе, ки даҳ оят дар як шаб бихонад, аз ҷузъи ғофилон навишта намешавад».   Ҳоким ин ҳадисро ривоят карда гуфтааст: Саҳеҳ бар шарти Муслим аст. Албонӣ дар китоби "Саҳиҳу-т-тарғиби ва-т-тарҳиб" (640) гуфтааст: Саҳиҳун лиғайриҳи.

Паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) мефармояд:

«Касе, ки ин намозҳои фарзшударо бардавом бихонад, аз ҷузъи ғофилон навишта намешавад. Касе, ки дар як шаб сад оят бихонад, аз ҷумлаи қонитон (фармонбардорон) навишта мешавад».   Ин ҳадисро Ибни Хузайма дар "Саҳиҳ"-и худ ва Ҳоким ривоят кардаанд ва ин лафзи Ҳоким аст ва ӯ гуфтааст: Саҳеҳ бар шарти Бухорӣ ва Муслим аст. Албонӣ онро дар китоби "Саҳиҳу-т-тарғиби ва-т-тарҳиб" (640) саҳеҳ донистааст.
Аллоҳ таъоло парҳезгоронро чунин васф кардааст: 

كَانُوا قَلِيلاً مِنَ اللَّيْلِ مَا يَهْجَعُون وَبِالأَسْحَارِ هُمْ يَسْتَغْفِرُونَ

سورة الذريات: ١٧-١٨

«Онҳо каме аз шабро мехобиданд (ва бақияи шабро бо намоз мегузарониданд)Ва саҳаргоҳон истиғфору дархости омурзиш мекарданд».   (Сураи Зориёт: 17). 

 Аллоҳ донотар аст.

Сарчашма: Ислом савол ва ҷавоб