Якшанбе 21 Ҷумода-л-охира 1446 - 22 Декабр 2024
Тоҷикӣ

Аҳкоми ид ва суннатҳои он рӯз

Савол

Ман мехоҳам бархе аз суннатҳо ва аҳкоме, ки дар рӯзи ид анҷом дода мешавад, бидонам.

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Аллоҳ таоло дар ид аҳкоми зиёдеро муқаррар намудааст, аз ҷумла:

Аввал: Гуфтани такбир дар шаби ид, аз ғуруби офтоби охирин рӯзи Рамазон то ҳузури имом ба намози ид.

Сифати такбир чунин аст:

اللهُ أَكْبَرُ ، اللهُ أَكْبَرُ لَا إِلَهَ إِلَّا اللهُ وَاللهُ أَكْبَرُ ، اللهُ أَكْبَرُ وَللهِ الْحَمْدُ

"Аллоҳу акбар, Аллоҳу акбар, ло илоҳа иллаллоҳ, Аллоҳу акбар, Аллоҳу акбар ва лиллаҳи-л-ҳамд".

(Аллоҳ бузургтар аст. Аллоҳ бузургтар аст. Ҳеҷ маъбуде бар ҳақ ҷуз Аллоҳ нест, Аллоҳ бузургтар аст, Аллоҳ бузургтар аст ва ситоиш барои Аллоҳ аст).

Ё се маротиба такбир мегӯяд, бо ин тариқа:

 اللهُ أَكْبَرُ ، اللهُ أَكْبَرُ ، اللهُ أَكْبَرُ لَا إِلَهَ إِلَّا اللهُ وَاللهُ أَكْبَرُ ، اللهُ أَكْبَرُ وَللهِ الْحَمْدُ 

"Аллоҳу акбар, Аллоҳу акбар, Аллоҳу акбар, ло илоҳа иллаллоҳ, Аллоҳу акбар, Аллоҳу акбар ва лиллаҳи-л-ҳамд".

(Аллоҳ бузургтар аст. Аллоҳ бузургтар аст. Аллоҳ бузургтар аст. Ҳеҷ маъбуде бар ҳақ ҷуз Аллоҳ нест, Аллоҳ бузургтар аст, Аллоҳ бузургтар аст ва ситоиш барои Аллоҳ аст).

Ҳамаи ин такбирҳо ҷоиз аст.

Сазовор аст, ки инсон овозашро бо ин зикр дар бозорҳо, масҷидҳо ва хонаҳо баланд кунад, аммо занон бо овози баланд такбир намегӯянд.

Дуввум: Пеш аз рафтан ба ид чанд дона хурмо бо адади тоқ мехӯрад, зеро расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) дар рӯзи иди Фитр то чанд дона хурмо нахӯрад, аз хона берун намешуд ва адади он тоқ буд. Дар хӯрдани хурмо адади тоқро риоя мекунад, чуноне ки паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) адади тоқро риоя кардааст.

Саввум: Беҳтарин либосҳояшро мепӯшад ва ин ҳукм барои мардон аст. Аммо занон ҳангоми рафтан ба идгоҳ либосҳои зебо намепӯшанд, чунки расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст: «Занон бояд бидуни зинат ва атр берун раванд». Яъне бо либоси оддӣ, на бо либоси табарруҷ. Бар занон ҳаром аст, ки атру хушбӯӣ зада, худнамоӣ намуда, қисмате аз бадани худро намоён карда, худро бо зару зевар ороста бароянд.

Чаҳорум: Баъзе аз донишмандон гуфтаанд: Мустаҳаб аст, ки инсон барои намози ид ғусл бикунад, зеро ин амал аз баъзе аз гузаштагон ривоят шудааст. Ғусл барои намози ид мустаҳаб аст, ҳамон тавре ки барои намози ҷумъа, ба хотири ҷамъшавии мардум машрӯъ аст. Агар инсон ғусл намояд, беҳтар аст.

Панҷум: Намози ид. Мусулмонон бар машрӯъияти намози ид иҷмоъ намудаанд. Баъзе аз онҳо гуфтаанд: Намози ид суннат аст. Баъзе гуфтаанд: Намози ид фарзи кифоя аст. Ва баъзеи дигар гуфтаанд: Намози ид фарзи айн аст ва касе онро тарк кунад, гунаҳкор мешавад. Далели онҳо ин аст, ки паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) ҳатто духтарони парданишин, тозаболиғ ва занонеро, ки одати берун рафтан аз хона надоранд, амр кардааст, то ба идгоҳ ҳозир шаванд, магар ин ки занони ҳоиза аз намозгоҳ дур мешинанд, зеро барои зани ҳайзшуда ҷоиз нест, ки дар масҷид бимонад, гарчанде ки гузар кардан аз масҷид ҷоиз бошад ҳам, вале дар онҷо истодан (барои зани ҳайзшуда) ҷоиз нест.

Пас аз назар намудан ба далелҳо сеҳеҳтарин дидгоҳ дар назди ман ин аст, ки намози ид фарз буда, бар ҳар як мард воҷиб аст, ки ба намози ид биравад, магар шахсе ки узр дошта бошад. Ва ин дидгоҳ интихоби Шайху-л-ислом Ибни Таймия аст.

Имом дар ракъати аввали ин намоз сураи «Саббиҳисма раббика-л-аъло» ва дар ракъати дуввум сураи «Ҳал атока ҳадису-л-ғошияҳ»-ро мехонад. Ва ё дар ракъати аввали ин намоз сураи Қоф ва дар ракъати дуввум сураи Қамарро мехонад. Ҳар ду ривоят дар ҳадисҳои саҳеҳ аз паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) собит шудаанд.

Шашум: Ҳар гоҳ ҷумъа ва ид дар як рӯз ҷамъ шаванд, намози ид ва инчунин намози ҷумъа баргузор мегардад, чуноне ки зоҳири ҳадиси Нӯъмон ибни Башир ба он далолат мекунад, ки онро Муслим дар "Саҳиҳ"-и худ ривоят кардааст. Аммо касе ки дар намози ид бо ҳамроҳи имом ширкат карда бошад, агар бихоҳад, ба намози ҷумъа биравад ва агар бихоҳад, намози пешин бихонад.

Ҳафтум: Яке аз аҳкоми дигари ид дар назди бисёре аз донишмандон ин аст, ки агар инсон пеш аз ҳозир шудани имом ба намозгоҳи ид биравад, мешинад ва ду ракъат намоз намехонад, зеро паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) намози идро ду ракъат хонда ва қабл ва баъд аз он ягон намозе нахондааст.

Баъзе аз донишмандон бар ин назаранд, ки ҳар гоҳ (ба намозгоҳи ид) биёяд, наменишинад, то он даме ки ду ракъат намоз нахонад, зеро намозгоҳи ид масҷид ҳисобида мешавад, далели он ин аст, ки занони ҳоиза аз ҳозир шудани он манъ шудаанд. Бо ин далел, ҳукми масҷид барои намозгоҳ собит шудааст ва он далолат мекунад, ки намозгоҳ масҷид ҳисобида мешавад. Аз ин рӯ, ба умуми сухани паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) ворид мегардад, ки фармудааст: «Ҳар гоҳ касе аз шумо дохили масҷид гардад, то ду ракъат намоз нагузорад, нанишинад».

Аммо намоз нахондани паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) пеш аз намози ид ва баъди он, ба он хотир буд, ки ӯ ҳар гоҳ биёяд, намозро оғоз мекард.

Аз ин рӯ, хондани таҳияи масҷид дар намозгоҳи ид собит мебошад, ҳамон гуна ки хондани таҳияи масҷид барои дигар масҷидҳо собит шудааст. Агар мо аз ҳадиси мазкур истинбот бикунем, ки масҷиди ид намози таҳияи масҷид надорад, мегӯем ки масҷиди ҷумъа низ таҳияи масҷид надорад, зеро расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) ҳар гоҳ ба масҷиди ҷумъа ҳозир шавад, хутба мекард ва сипас ду ракъат намози ҷумъаро мехонд ва пас аз он мерафт ва ротиба (суннат)-и ҷумъаро дар хонаи худ мехонд. Аз ин рӯ, пеш аз ҷумъа ва баъди он ягон намозе намехонд.

Дидгоҳи саҳеҳтарин дар назди ман ин аст, ки дар масҷиди ид ду ракъат намози таҳияи масҷид хонда мешавад. Вале бо вуҷуди ин, дар ин масъала кори якдигарро инкор намекунем, зеро ин масъала масъалаи ихтилофӣ аст ва инкор намудан дар масъалаҳои ихтилофӣ шоиста нест, магар он ки дар он масъала далели комилан равшан вуҷуд дошта бошад. Бинобар ин, агар касе намоз бихонад, кори ӯро инкор намекунем ва агар касе (намоз нахонаду) нишинад, кори ӯро ҳам инкор намекунем.

Ҳаштум: Яке аз аҳкоми дигари ид - иди Фитр - ин аст, ки адо намудани закоти Фитр дар он рӯз фарз аст. Паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) дастур додааст, ки закоти Фитр пеш аз намози ид адо карда шавад. Адо намудани он як ё ду рӯз пеш аз он ҳам ҷоиз аст, далели он ҳадиси Ибни Умар (Аллоҳ аз он ду хушнуд бод) дар "Саҳиҳ"-и Бухорӣ мебошад, ки фармудааст: "Онҳо закоти Фитрро як ё ду рӯз пеш аз ид пардохт мекарданд". Агар онро пас аз намози ид адо намояд, ҳамчун садақаи Фитр қабул намешавад, зеро дар ҳадиси Ибни Аббос омадааст: "Касе онро пеш аз намоз адо намояд, пас он закоти қабулшуда мебошад. Касе онро баъди намоз адо кунад, садақае аз садақот мебошад". Бар инсон ҳаром аст, ки закоти Фитрро баъд аз намози ид адо намояд. Агар онро беузр ба таъхир бияндозад, закоти Фитраш қабул намешавад. Вале агар аз рӯи узре пеш аз намози ид адо карда натавонад, монанди касе ки дар сафар бошад ва чизе надошта бошад ва ё касеро барои қабули закоти Фитр пайдо накунад ва ё фикр кунад, ки хонаводааш аз номи ӯ закоти Фитрро пардохт мекунанд, аммо онҳо бошанд, фикр мекунанд, ки ӯ худ закоти Фитрро адо менамояд, ин гуна шахс ҳар гоҳ барояш муяссар шавад, закоти Фитрро адо менамояд, гарчанде ки пас аз намози ид ҳам бошад, ӯ гунаҳкор намешавад, чунки ӯ узр дорад.

Нӯҳум: Мардум якдигарро табрику таҳният мегӯянд, вале дар ин маврид аз ҷониби бисёре аз мардумон баъзе аз мамнӯъот рух медиҳад, тавре ки баъзе аз мардон ба хонаҳое мераванд ва бо заноне, ки ҳиҷоби дуруст надоранд ва маҳрамҳояшон вуҷуд надоранд, мусофаҳа (бо даст салом) мекунанд. Инҳо мункарҳое мебошанд, ки баъзе аз баъзе бадтаранд.

Баъзе аз мардумонро мушоҳида мекунем, ки аз касоне, ки аз мусофаҳаи занони номаҳрам худдорӣ менамоянд, нафрат мекунанд. Дар ҳоле ки онҳо золиманд, на он касе, ки аз мусофаҳаи зани номаҳрам худдорӣ кардааст. Ҳамин шахсон силаи раҳмро қатъ кардаанд, на он касе, ки аз мусофаҳаи номаҳрамон дурӣ варзидааст. Вале ӯ бояд ҳақиқатро ба чунин шахсон баён намояд ва онҳоро ба пурсидани саволҳои худ аз донишмандони мӯътамад роҳнамоӣ кунад ва ҳамчунин онҳоро бифаҳмонад, ки ба хотири пайравӣ аз одатҳои падарону падарбузургон ба дигарон ғазаб накунанд, зеро одатҳои падарон ҳалолро ҳаром ва ҳаромро ҳалол намекунад. Ва ба онҳо баён кунад, ки агар ин корро анҷом бидиҳанд, монанди касоне хоҳанд шуд, ки Аллоҳ сухани онҳоро ба мо нақл карда мефармояд:

 وَكَذَلِكَ مَآ أَرْسَلْنَا مِن قَبْلِكَ فِى قَرْيَةٍ مِّن نَّذِيرٍ إِلاَّ قَالَ مُتْرَفُوهَآ إِنَّا وَجَدْنَآ ءَابَآءَنَا عَلَى أُمَّةٍ وَإِنَّا عَلَى ءَاثَـارِهِم مُّقْتَدُونَ

سورة زخرف: ۲۳

«Ва ҳамчунин пеш аз ту дар ҳеҷ (шаҳр ва) деҳае ҳушдордиҳандае нафиристодем, магар ин ки мутанаъимонаш (хушгузарон ва мағрурон аз сарвату қудрат) гуфтанд: "Мо падарону ниёгони худро бар чунин оине ёфтаем ва бегумон мо ба (аъмол ва) осори онҳо пайравӣ мекунем"».   (Сураи Зухруф: 23).

Баъзе аз мардумон одат доранд, ки дар рӯзи ид ба қабристон мераванд ва аҳли қабристонро табрику таҳният мегӯянд, дар ҳоле ки аҳли қабристон ниёзе ба табрику таҳният надоранд, чун онҳо на рӯза гирифтаанд ва на шабзиндадорӣ кардаанд.

Зиёрати қабристон махсуси рӯзи ид ва ё ҷумъа ва ё ягон рӯзи дигаре нест. Собит шудааст, ки паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) қабристонро дар шаб зиёрат намуд, чуноне ки дар ҳадиси Оиша дар "Саҳиҳ"-и Муслим ворид шудааст. Паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст: «Қабристонро зиёрат кунед, чунки охиратро ба шумо ёдрас мекунад».

Зиёрати қабристон ибодат аст. Ибодат машрӯъ намегардад, то он даме ки бо Шариат мувофиқ набошад. Паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) рӯзи идро барои зиёрати қабристон ихтисос надодааст. Аз ин рӯ, набояд дар ин рӯз махсус ба зиёрати қабристон рафт.

Даҳум: Амал дигаре, ки дар рӯзи ид анҷом мегирад, ин аст ки мардон ҳамдигарро дар оғӯш мегиранд, ин амал ҳеҷ ишколе надорад.

Ёздаҳум: Барои касе, ки ба намози ид меравад, машрӯъ аст, ки ба расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) пайравӣ намуда, бо роҳе биравад ва бо роҳи дигаре баргардад. Ин суннат махсуси намози ид аст, ба намози ҷумъа ва дигар намозҳо дахл надорад.

"Маҷмӯъу фатово"-и Ибни Усаймин (16/216-223).

Сарчашма: Ислом савол ва ҷавоб