Якшанбе 21 Ҷумода-л-охира 1446 - 22 Декабр 2024
Тоҷикӣ

Ҳоҷие дар Арафот вафот кард, пас оё ҳаҷ аз номи ӯ ба итмом расонида шавад ва ё аз номи ӯ ҳаҷ карда шавад?

49049

Таърихи нашр : 25-06-2021

Мушоҳидаҳо : 2224

Савол

Ҳоҷие дар Арафот вафот кард, пас оё ҳаҷ аз номи ӯ ба итмом расонида шавад ва ё аз номи ӯ ҳаҷ карда шавад?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Аз номи ӯ ҳаҷ карда намешавад, зеро ӯ воҷиби бар зиммаи худ бударо адо намудааст. Ҳангоме ки паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) оиди марде ки дар Арафот аз шутури худ бар замин афтод ва гарданаш шикаст (ва вафот кард), пурсида шуд, ба онон чунин ҷавоб дод: «Ӯро бо обу сидр бишӯед ва дар ду либосаш кафан кунед ва ба ӯ хушбӯӣ назнед ва сарашро напӯшонед, зеро ӯ дар рӯзи қиёмат лабайк гӯён зинда карда мешавад». Паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) дар инҷо нагуфт, ки аз номи ӯ ҳаҷро ба итмом бирасонед.   Поёни сухан.

Сарчашма: "Маҷмӯу фатово"-и Ибни Усаймин, шумораи 1063. (31/23).