Шумо ҳақ надоред, ки аз ин маблағ чизе барои худ бигиред, зеро соҳибаш ин пулро танҳо ба хотири он ба шумо додааст, ки онро (ба мустаҳиққонаш) тақсим кунед, на барои он ки худатон бигиред. Шумо намояндаи соҳиби мол ҳастед ва ҳақ надоред, ки бо он маблағ коре кунед, ҷуз он чизе, ки ба шумо иҷозат дода шудааст.
Шайх Ибни Усаймин дар китоби "Фатово аркони-л-ислом" (саҳ 447) дар бораи марди камбизоате пурсида шуд, ки аз дӯсти сарватмандаш закот мегирад бо ин ният, ки онро аз номи ӯ тақсим намояд, вале сипас онро барои худ мегирад. Ҳукми ин амал чист?
Ӯ чунин посух дод:
Ин амал ҳаром аст ва хиёнат ба амонат ба шумор меравад, зеро дӯсташ он маблағро ба ӯ додааст, то аз номи ӯ ҳамчун вакил амал карда, ба дигарон бидиҳад, вале ӯ онро барои худ мегирад. Уламо баён намудаанд, ки барои вакил ҷоиз нест он чизеро, ки ба ӯ супорида шудааст, барои худ истифода барад. Бар ҳамин асос, ин шахс бояд ба дӯсташ хабар диҳад, ки он чӣ қаблан гирифтааст, барои худ сарф кардааст. Агар соҳиби мол иҷозат диҳад, пас мушкиле нест, вале агар иҷозат надиҳад, ӯ бояд кафолат бидиҳад — маблағи ба худ гирифтаашро баргардонад, то он аз номи соҳиби мол ҳамчун закот дода шавад.
Дар ҳамин замина мехоҳам як масъалаеро ёдовар шавам, ки баъзе одамони нодон анҷом медиҳанд. Он чунин аст, ки шахс камбизоат аст ва закот мегирад, сипас Аллоҳ ӯро сарватманд мегардонад, вале мардум фикр мекунанд, ки ӯ ҳанӯз камбизоат аст ва ба ӯ закот медиҳанд, ӯ закотро мегирад. Баъзе одамон онро гирифта мехӯранд ва мегӯянд: "Ман аз касе чизе напурсидаам, ин ризқест, ки Аллоҳ ба ман додааст". Ин амал ҳаром аст, зеро шахсе, ки Аллоҳ таъоло ӯро сарватманд кардааст, бар ӯ ҳаром аст, ки аз закот чизе бигирад.
Ва дар миёни мардум афроде ҳастанд, ки закотро гирифта, сипас онро бидуни ваколат (ва иҷозат)-и соҳиби закот ба шахси дигар медиҳад. Ин амал низ ҳаром аст ва барояш ҷоиз нест, ки чунин тасарруф намояд. Гарчанде ин амал нисбат ба амали қаблӣ сабуктар бошад ҳам, аммо бо вуҷуди ин ҳаром аст. Аз ин рӯ, дар сурате ки соҳиби закот ба чунин тасарруф иҷоза надода бошад ва онро таъйид накунад, бар он шахс воҷиб мегардад, ки закотро ба соҳибаш ҷуброн ва кафолат намояд. Поёни сухан.
Аз Кумитаи доимӣ (9/436) пурсиданд:
Бархе аз мардум маблағҳои закотро ба ман доданд, то онҳоро дар масрафҳои шаръии он сарф намоям. Ман ин маблағҳоро қабул карда, қисми онро тақсим намудам, вале як бахше аз онро барои худ гирифтам, зеро ба ин маблағ эҳтиёҷ пайдо кардам: мехостам издивоҷ намоям ва манзили худро, ки барои издивоҷ муносиб набуд, таъмиру тармим кунам. Ман нияти баргардондани маблағро доштам, аммо ҳоло шароити ман имкон намедиҳад, ки онро бозпас диҳам. Дар ин ҳолат роҳи ҳал кадом аст? Оё гирифтани ин маблағ бароям ҳалол буд ё ҳаром? Ва оё баргардондани он ҳатмӣ ва воҷиб мебошад?
Чунин посух доданд:
Барои шумо ҷоиз нест, ки аз маблағе, ки ба хотири тақсим миёни мустаҳиққони закот ба шумо супурда шудааст, чизе барои худ бигиред. Аз ин рӯ, бар шумо воҷиб аст, ки маблағеро, ки гирифтаед, баргардонед ё онро ба мустаҳиққони закот бидиҳед, ҳамзамон бояд аз ин амали худ тавба ва истиғфор намоед. Поёни сухан.