Душанбе 22 Ҷумода-л-охира 1446 - 23 Декабр 2024
Тоҷикӣ

Ҳукми касе ки аз рӯи фаромӯшӣ ифтор бикунад

Савол

Аз рӯи фаромӯшӣ ифтор кардан дар рӯзаи нофила чӣ ҳукм дорад?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Бухорӣ (6669) ва Муслим (1155) аз Абуҳурайра (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод) ривоят кардаанд, ки мегӯяд: Паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст: «Ҳар рӯзадоре, ки аз рӯи фаромӯшӣ бихӯрад ва ё бинӯшад, рӯзаи худро идома бидиҳад, зеро Аллоҳ ӯро хӯронидаву нӯшонидааст».

Ҳамчунин воҷиб набудани каффорат ва қазо ба таври возеҳ ворид шудааст.

Ибни Хузайма (1999) аз Абуҳурайра ривоят кардааст, ки паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст: «Касе ки дар моҳи Рамазон аз рӯи фаромӯшӣ ифтор кунад (чизе бихӯрад ва ё бинӯшад), қазо ва каффорае бар ӯ воҷиб нест».   Албонӣ ин ҳадисро дар китоби "Саҳиҳу Ибни Хузайма" ҳасан шуморидааст.

Дорақутнӣ аз Абусаид ривоят кардааст, ки паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) мефармояд: «Касе ки дар моҳи Рамазон аз рӯи фаромӯшӣ чизе бихӯрад, қазое бар ӯ воҷиб нест».

Ҳофиз гуфтааст:

Ҳарчанд санади он ҳадис заиф бошад ҳам, вале метавон онро ҳамчун мутобаат истифода бурд. Дараҷаи он ҳадис бо ин лафзи зиёдатӣ ҳадди ақал ҳасан мебошад, ки метавон онро ҳамчун далел истифода кард. Ҳадисҳое, ки дараҷаашон аз ин ҳадис пасттар аст, дар бисёре аз масъалаҳо ҳамчун далел истифода шудаанд. Ҳамчунин ин ҳадис бо фатвои гурӯҳе аз саҳобагон, ба монанди Алӣ ибни Абутолиб, Зайд ибни Собит, Абуҳурайра ва Ибни Умар тақвият меёбад, ки ҳеҷ яке аз онҳо ба ин фатво мухолифат наварзидааст, ҳамонтавре ки Ибни Мунзир, Ибни Ҳазм ва дигарон онро баён кардаанд.

Илова бар ин, он ҳадис мутобиқи сухани Аллоҳ таъоло аст:

وَلَكِنْ يُؤَاخِذُكُمْ بِمَا كَسَبَتْ قُلُوبُكُمْ  (سورة البقرة: ٢٢٥).

«Вале шуморо ба хотири он чи дар дил доред, бозхост хоҳад кард».   (Сураи Бақара: 225).

Фаромӯшӣ кори дил нест.

Инчунин бо қиёс мувофиқ аст, ки агар қасдан на аз рӯи фаромӯшӣ бихӯрад, намоз фосид мешавад, рӯза ҳам чунин аст.

Дар он ҳадис меҳрубонии Аллоҳ нисбат ба бандагонаш, осонӣ ба онон ва бартараф намудани машаққату сахтӣ аз онон баён шудааст. Поёни сухан бо ихтисор.

Аксарияти донишмандон он ҳадисҳоро далел карда гуфтаанд, ки касе аз рӯи фаромӯшӣ ифтор кунад (чизе бихӯрад ва ё бинӯшад), рӯзааш дуруст мебошад, бояд рӯзаашро идома бидиҳад, қазо ва каффорае бар ӯ воҷиб нест. Умумияти ҳадис рӯзаи фариза ва нофиларо дар бар мегирад ва миёни онҳо ҳеҷ фарқе вуҷуд надорад.

Шофеӣ дар китоби "Ал-Умм" (2/284) гуфтааст:

"Ҳар гоҳ рӯзадор дар рӯзаи Рамазон, рӯзаи назрӣ, рӯзаи каффорат, рӯзаи воҷибшуда бо сабабе ва ё рӯзаи нофила аз рӯи фаромӯшӣ бихӯрад ва ё бинӯшад, рӯзааш комил буда, қазое бар ӯ воҷиб намебошад". Поёни сухан.

Нававӣ гуфтааст:

Ин далел барои мазҳаби аксарият мебошад: Ҳар гоҳ рӯзадор аз рӯи фаромӯшӣ бихӯрад, бинӯшад ва ё ҳамбистарӣ намояд, ифтор намекунад (яъне рӯзааш фосид намешавад). Ин дидгоҳи Шофеӣ, Абуҳанифа, Довуд ва дигарон аст. Поёни сухан.

Аз ҷумлаи қиссаҳои нодиру ҷолиб ин аст, ки Абдурраззоқ аз Амр ибни Динор ривоят кардааст, ки марде ба назди Абуҳурайра омада, гуфт: Субҳ рӯза гирифтам, пас фаромӯш карда, хӯрдам. Абуҳурайра гуфт: Ҳеҷ боке надорад. Он мард гуфт: Сипас ба назди марде ворид шудам ва фаромӯш карда, хӯрдаму нӯшидам. Абуҳурайра гуфт: Ҳеҷ боке надорад. Аллоҳ таъоло туро хӯронидаву нӯшонидааст. Сипас он мард гуфт: Ба назди марди дигаре ворид шудам ва фаромӯш карда, хӯрдам. Абуҳурайра гуфт: Ту инсоне ҳастӣ, ки ба рӯзадорӣ одат накардаӣ.

Сарчашма: Ислом савол ва ҷавоб