Якшанбе 21 Ҷумода-л-охира 1446 - 22 Декабр 2024
Тоҷикӣ

Даҳ ёри биҳиштӣ киҳоянд?

Савол

Он даҳ нафаре, ки ба ҷаннат башорат дода шудаанд, киҳоянд?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Даҳ нафаре, ки ба ҷаннат башорат дода шудаанд, онҳо саҳобагони паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) мебошанд, ки номҳои онон дар ҳадисе, ки Абдураҳмон ибни Авф ривоят кардааст, зикр шудааст, ки ӯ мегӯяд: Расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст: «Абубакр дар ҷаннат аст, Умар дар ҷаннат аст, Усмон дар ҷаннат аст, Алӣ дар ҷаннат аст, Талҳа дар ҷаннат аст, Зубайр дар ҷаннат аст, Абдураҳмон ибни Авф дар ҷаннат аст, Саъд дар ҷаннат аст, Саид дар ҷаннат аст ва Абуубайда ибни Ҷарроҳ дар ҷаннат аст».   Ривояти Тирмизӣ (3680).

Саъд, Саъд ибни Абиваққос аст. Саид, Саид ибни Зайд мебошад. Ғайр аз онон, саҳобагони дигаре низ вуҷуд доранд, ки ба ҷаннат башорат дода шудаанд, ба монанди Хадиҷа бинти Ҳувайлид, Абдуллоҳ ибни Салом, Уккоша ибни Миҳсан ва дигарон.

Аммо онҳо, даҳ нафари башоратшуда ба ҷаннат (даҳ ёри биҳиштӣ) номида шудаанд, зеро башорати онҳо дар як ҳадис омадааст.

         Аллоҳ донотар аст.

Сарчашма: Шайх Муҳаммад Солеҳ Ал-Мунаҷҷид