Якшанбе 21 Ҷумода-л-охира 1446 - 22 Декабр 2024
Тоҷикӣ

Ҳукми ҷашн гирифтани шаби Исро ва Меъроҷ чист?

Савол

Ҳукми ҷашн гирифтани шаби Исро ва Меъроҷ, ки шаби бисту ҳафтуми моҳи Раҷаб аст, чист?

Хулосаи ҷавоб

1. Исро ва Меъроҷ аз нишонаҳои бузурги Аллоҳ аст, ки бар сидқи расули Ӯ, Муҳаммад (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) ва бар азамати манзалати ӯ назди Аллоҳ таъоло далолат мекунад. 2. Шабе, ки Исро ва Меъроҷ дар он рух дода, дар ҳадисҳои саҳеҳ дар Раҷаб ва ё дар ғайри Раҷаб будани он муайяну мушаххас нашудааст. 3. Ва агар шаби Исро ва Меъроҷ собит ва муайян ҳам мебуд, барои мусулмонон ҷоиз набуд, ки дар он шаб ибодати махсусеро анҷом бидиҳанд ва ҳамчунин барои мусулмонон ҷоиз набуд, ки он шабро ҷашн бигиранд, зеро паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) ва ёрони ӯ (Аллоҳ аз онон хушнуд бод) он шабро ҷашн нагирифтаанд.

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Исро ва Меъроҷ яке аз нишонаҳои сидқи паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) аст

Бегумон, Исро ва Меъроҷ аз нишонаҳои бузурги Аллоҳ аст, ки бар сидқи расули Ӯ, Муҳаммад (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) ва бар азамати манзалати ӯ назди Аллоҳ таъоло далолат мекунад. Ҳамчунин аз нишонаҳои қудрати бошукӯҳи Аллоҳ таъоло ва бартарии Ӯ бар тамоми махлуқот мебошад.

Аллоҳ таъоло фармудааст:

 سُبْحَانَ الَّذِي أَسْرَى بِعَبْدِهِ لَيْلًا مِنَ الْمَسْجِدِ الْحَرَامِ إِلَى الْمَسْجِدِ الأَقْصَى الَّذِي بَارَكْنَا حَوْلَهُ لِنُرِيَهُ مِنْ آيَاتِنَا إِنَّه هُوَ السَّمِيعُ الْبَصِيرُ

سورة الإسراء: ١

«Поку муназзаҳ аст он зоте, ки бандаашро шабе аз масҷиду-л-ҳаром ба Масҷиду-л-ақсо бурд, ки атрофи онро пурбаракот намудаем, то бархе аз нишонаҳои худро ба ӯ нишон диҳем. Бегумон, Ӯ шунавои биност».   (Сураи Исро: 1).

Аз расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) бо тавотур ривоят шудааст, ки ӯ ба осмонҳо бароварда шуд ва дарҳои осмонҳо ба ӯ кушода шуд, то ин ки аз осмони ҳафтум гузашт ва Аллоҳ таъоло бо он чи, ки хост бо ӯ сухан гуфт ва намозҳои панҷгонаро бар ӯ фарз намуд. Аллоҳ таъоло дар оғоз панҷоҳ намозро бар ӯ фарз намуд ва пайваста паёмбарамон Муҳаммад (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) ба Ӯ муроҷиат менамуд ва аз Ӯ дархости сабукӣ мекард, то ин ки онро ба панҷ фарз расонд, аз лиҳози фарзият панҷ фарз мебошанд ва аз лиҳози аҷру савоб панҷоҳ мебошанд, зеро ба ҳар кори ҳасана даҳ баробар савоб дода мешавад. Ҳамду шукр барои Аллоҳ бар тамоми неъматҳое, ки ба мо ато намудааст.

Оё оиди дар кадом шаб рух додани Исро ва Меъроҷ ягон ривояти саҳеҳе вуҷуд дорад?

Шабе, ки Исро ва Меъроҷ дар он рух дод, дар ҳадисҳои саҳеҳ дар Раҷаб ва ё дар ғайри Раҷаб будани он муайяну мушаххас нашудааст ва ҳар он чи, ки дар таъйини он ворид шудааст, аз назари донишмандони ҳадис, аз паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) собит нашудааст. Ва ин ки Аллоҳ таъоло вақти ин воқеаро аз ёди мардум бурдааст, ҳикмати амиқе дорад.

Ҳукми ҷашн гирифтани шаби Исро ва Меъроҷ ва ё дар он шаб ибодати махсусеро анҷом додан

Ва агар вақти он собит ва муайян ҳам мебуд, барои мусулмонон ҷоиз набуд, ки дар он шаб ибодати махсусеро анҷом бидиҳанд ва ҳамчунин барои мусулмонон ҷоиз набуд, ки он шабро ҷашн бигиранд, зеро паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) ва ёрони ӯ он шабро ҷашн нагирифтаанд ва ибодати махсусеро дар он шаб анҷом надодаанд. Агар ҷашн гирифтани он машрӯъ мебуд, паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) онро бо гуфтор ва ё кирдори худ барои уммат баён мекард ва агар чизе аз он ба вуқӯъ мепайваст, ҳатман маъруфу машҳур мешуд ва саҳобагон (Аллоҳ аз онон хушнуд бод) онро барои мо нақл мекарданд, зеро онон тамоми ончиро, ки уммат ба он ниёз доранд, аз пайёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) нақл кардаанд ва дар амри дин кӯтоҳӣ нанамудаанд, балки дар тамоми корҳои хайр сабқату пештозӣ мекарданд ва агар ҷашн гирифтани ин шаб машрӯъ мебуд, ҳатман пештар аз дигарон онро анҷом медоданд. Аз сӯи дигар, паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) насиҳаткунандатарини мардум буд, рисолатро бо комилтарин ваҷҳ расонид ва амонатро адо намуд ва агар таъзим ва бузургдошти ин шаб ва ҷашн гирифтани он аз дини Аллоҳ мебуд, паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) аз он ғофил намемонд ва онро пинҳон намекард. Пас чун ҳеҷ кадоме аз мавориди мазкур ба вуқӯъ напайвастааст, маълум мегардад, ки ҷашн гирифтани ин шаб ва бузургдошти он рабте ба Ислом надорад. Аллоҳ таъоло динро барои ин уммат комил намуда, неъматашро бар онон комилу пурра кардааст ва касеро, ки беиҷозаи Ӯ дар дин чизеро ба вуҷуд меоварад, мавриди инкору накӯҳиш қарор додааст. Аллоҳ таъоло дар китоби мубини худ, дар сураи Моида мефармояд:

 الْيَوْمَ أَكْمَلْتُ لَكُمْ دِينَكُمْ وَأَتْمَمْتُ عَلَيْكُمْ نِعْمَتِي وَرَضِيتُ لَكُمُ الإِسْلامَ دِينًا

سورة المائدة: ٣ 

«Имрӯз динатонро бароятон комил кардам ва неъмати худро бар шумо тамом намудам ва Исломро ҳамчун дин бароятон интихоб кардам».   (Сураи Моида: 3).

Ва дар сураи Шуро мефармояд:

 أَمْ لَهُمْ شُرَكَاءُ شَرَعُوا لَهُمْ مِنَ الدِّينِ مَا لَمْ يَأْذَنْ بِهِ الله

سورة الشورى: ٢١

«Оё (мушрикон) маъбудоне доранд, ки барои онон дину оинеро муқаррар кардаанд, ки Аллоҳ ба он иҷоза надодааст».   (Сураи Шуро: 21).

Ҳушдорӣ аз бидъатҳо ва тасреҳ ба гумроҳӣ будани он аз расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) дар ҳадисҳои саҳеҳ собит шудааст, то уммат аз хатари бузурги он огоҳ шаванд ва аз анҷом додани он нафрат намоянд.

Аз ҷумла ҳадисе, ки дар "Саҳиҳ"-и Бухорӣ ва "Саҳиҳ"-и Муслим аз Оиша (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод) ривоят шудааст, ки паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) мефармояд: «Ҳар кас дар дини мо чизеро эҷод кунад, ки аз дин набошад, пас он мардуд аст».

Ва дар ривояте аз Муслим (омадааст): «Ҳар кас амалеро анҷом бидиҳад, ки дар он амал амри мо нест, пас он амал мардуд (ва номақбул) аст».

Ва дар "Саҳиҳ"-и Муслим аз Ҷобир (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод) ривоят шудааст, ки паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) дар хутбаи рӯзи ҷумъа мегуфт: «Аммо баъд: Беҳтарин сухан китоби Аллоҳ аст ва беҳтарин роҳнамоӣ, роҳнамоии Муҳаммад (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) аст ва бадтарин умур бидъатҳои он мебошанд ва ҳар як бидъат гумроҳӣ аст». Насоӣ бо санади хуб афзудааст: «Ҳар гумроҳӣ дар оташ аст».

Ва дар сунан аз Ирбоз ибни Сория (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод) ривоят шудааст, ки гуфт: Расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) моро панди расое дод, ки дилҳо аз он бимнок шуд ва чашмҳо аз он ашкбор шуд, гуфтем: Эй расулуллоҳ, гӯё мавъизаи видоъ аст, пас моро васият намо. Фармуд: «Шуморо ба тақвои Аллоҳ ва гӯш фаро додан ва итоат кардан тавсия менамоям, агарчӣ ғуломе бар шумо амир шавад, зеро ҳар кас аз шумо зинда бимонад, ихтилофи зиёдеро хоҳад дид, пас бар шумост, ки ба суннати ман ва суннати хулафои рошидини ҳидоятёфтагон баъд аз ман чанг бизанед ва бо чангу дандон ба он мутамассик шавед ва аз умури нав эҷодшуда (дар дин) дурӣ кунед, зеро ҳар амали нав эҷодшуда (дар дин) бидъат аст ва ҳар бидъат гумроҳӣ аст».

Ҳадисҳо дар ин маъно хеле зиёданд.

Чаро паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) аз анҷом додани бидъатҳо таҳзир намуд?

Таҳзир ва бим намудан аз бидъатҳо, аз саҳобагони расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) ва ниёгони некӯкор пас аз онон собит шудааст. Онҳо аз бидъатҳо таҳзир ва бим намудаанд, чунки бидъат изофа кардан (-и ибодате) дар дин, машрӯъ сохтани чизе ки Аллоҳ ба он иҷоза надодааст ва монанд сохтани худ ба душманони Аллоҳ, яҳуду насоро мебошад, ки ба дини худ чизҳоеро изофа намудаанд ва чизҳои наверо эҷод кардаанд, ки Аллоҳ ба он иҷоза надодааст. Ин кор ба ин маъност, ки гӯё дин нуқсону камбудӣ дорад ва комил намебошад. Ва маълум аст, ин чиз фасоди бузург ва мункари зиште ба бар меоварад ва ба ояти зерин таноқузе дорад, ки Аллоҳ таъоло фармудааст: «Имрӯз динатонро бароятон комил кардам». Ҳамчунин мухолифи ҳадисҳои расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) мебошад, ки аз бидъатҳо таҳзир ва бим намудааст.

Ва умедворам далелҳое, ки зикр кардаем, барои толиби ҳақиқат дар инкори ин бидъат кофӣ ва қонеъкунанда бошад. Манзур аз он, бидъати ҷашн гирифтани шаби Исро ва Меъроҷ мебошад, ки дар далелҳо аз он таҳзир карда шудааст ва он аз дини Ислом намебошад.

Ва чун панду насиҳат ва баёни оини динӣ ба мусулмонон аз ҷониби Аллоҳ таъоло бар мо воҷиб гаштааст ва пинҳон кардани илм ҳаром шудааст, лозим дидам, то бародарони мусалмонамро нисбат ба ин бидъат, ки дар бисёр шаҳру кишварҳо густариш ёфтааст ва ҳатто баъзе аз мардумон гумон бурдаанд, ки ин амал аз дин аст, огоҳ намоям.

Аз Аллоҳ таъоло мехоҳам, ки аҳволи тамоми мусулмононро ислоҳ намояд, дарку фаҳми динро ба онон арзонӣ бидорад ва мову ононро барои тамассук ба дини ҳақ ва устуворӣ бар он ва тарки он чӣ мухолифи ҳақ аст, тавфиқ бидиҳад. Ӯ валӣ ва қодиру тавоно бар он аст. Дуруду паём ва баракаи Аллоҳ ба банда ва расулаш паёмбарамон Муҳаммад ва ба олу асҳоби ӯ бод". Поёни сухан аз сомонаи Шайх Ибни Боз.

Сарчашма: Шайх Абдулазиз ибни Боз (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод)