Ҷумъа 21 Ҷумода-л-уло 1446 - 22 Ноябр 2024
Тоҷикӣ

Тавба аз амалҳои фоҳиша

Савол

Ман намедонам чӣ кор кунам, аммо гуноҳи бузургеро анҷом додаам. Ман медонам, ки дар дини зебои мо мафҳуми (эътироф дар назди коҳин) вуҷуд надорад, вале ман зино кардаам. Ман мехоҳам тавба кунам ва аз Аллоҳ афву омурзиш мехоҳам. Ҳангоме ки сураи Нурро хондам, фаҳмидам, ки ман наметавонам бо зани покдоману боиффат издивоҷ бикунам.

Ман бояд чӣ кор кунам? Аз шумо хоҳиш мекунам, ки дар хаққи ман дуо намоед, то Аллоҳ азобамро дар оташи дӯзах сабук кунад.

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Аввал:

Аз раҳмати Аллоҳ ноумед нашав ва ояти зеринро тадаббур намо:

قُلْ يَاعِبَادِي الَّذِينَ أَسْرَفُوا عَلَى أَنْفُسِهِمْ لا تَقْنَطُوا مِنْ رَحْمَةِ اللهِ إِنَّ اللهَ يَغْفِرُ الذُّنُوبَ جَمِيعًا إِنَّهُ هُوَ الْغَفُورُ الرَّحِيمُ

سورة الزمر: ٥٣

«(Эй паёмбар) Ба бандагонам, ки (дар иртикоби гуноҳон) зиёдаравӣ кардаанд, бигӯ: Аз раҳмати Аллоҳ ноумед набошед. Албатта Аллоҳ тамоми гуноҳонро мебахшад. Ҳамоно Аллоҳ бахшандаву меҳрубон аст».   (Сураи Зумар: 53).

Дуввум:

Ба сӯи Аллоҳ таъоло холисона тавба намо ва аз ҳар василае, ки туро ба ҳаром ва гуноҳ мебарад, дур шав. Амалҳои некро зиёд анҷом бидеҳ, зеро амалҳои нек корҳои бадро аз байн мебарад.

Саввум:

Агар ба сӯи Аллоҳ тавба кунӣ, васфи зино аз ту бардошта мешавад ва дар ин сурат, бароят ҷоиз мешавад, ки бо зани покдоману боиффат издивоҷ намоӣ.

Чаҳорум:

Иродаву ҳиммати мӯъмин дар дуо хеле баланд аст. Ӯ дуо намекунад, ки Аллоҳ азоби дӯзахро бар ӯ осон гардонад, балки аз Аллоҳ таъоло мепурсад, ки ӯро аз дӯзах озод кунад ва ба ҷаннат дохил намояд. Боз аз Аллоҳ мепурсад, ки ба ӯ ҷаннати Фирдавсро насиб гардонад. Бо вуҷуди ин, саъю кӯшиш намуда, амалҳои некро анҷом бидиҳад ва аз гуноҳон тавба намояд.

Сарчашма: Ислом савол ва ҷавоб