Якшанбе 21 Ҷумода-л-охира 1446 - 22 Декабр 2024
Тоҷикӣ

Ҳукми пайванд намудани дили кофир ба мусулмон

6431

Таърихи нашр : 27-01-2021

Мушоҳидаҳо : 1600

Савол

Ба кӯдаки се моҳае дил пайванд карда шуд, зеро дили пешинаи ӯ ба шакли табиӣ рушд накарда буд. Савол чунин аст: Диле, ки ба ӯ пайванд карда шуд, дили кофире буд. Оё дар ин ишколе вуҷуд дорад?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Саволи зеринро ба Шайх Абдуллоҳ ибни Ҷибрин матраҳ намудем:

Оё пайванд намудани дили кофири мурда дар бадани мусулмон кароҳияте дорад?

Ӯ (Аллоҳ ӯро ҳифз кунад) чунин посух дод:

На, зеро ин узви санавбаршакл аст ва маҳалли куфру имон нест.

Сарчашма: Шайх Абдуллоҳ ибни Ҷибрин