Назар кардааст, ки писарашро “Абдулмуҷиб” ном гузорад, аммо дар забони онҳо ҳарфи "ҷ" вуҷуд надорад. Дар ин ҳолат чӣ бояд кард?

Савол 647096

Зани беморе дар гирди Каъба тавоф карда, аз Аллоҳ таъоло дархост намуд ва дуо кард, ки ӯро шифо бахшад. Ӯ дар дуояш гуфт:
Эй Аллоҳ! Агар дуои маро иҷобат кунӣ ва маро шифо бахшӣ, писарамро, ки дар батнам аст, ба номе номгузорӣ хоҳам кард, ки бандагӣ ба номи “Ал-Муҷиб”-и Туро ифода кунад, яъне “Абдулмуҷиб” (бандаи Аллоҳи Ал-Муҷиб).
Аллоҳ таъоло дуои ӯро иҷобат намуд ва ӯ шифо ёфт. Пас аз чанд моҳ ӯ соҳиби фарзанд шуд.
Ҳоло ӯ мехоҳад писарашро “Абдулмуҷиб” ном гузорад, аммо ҳангоми бо ҳарфҳои русӣ навиштани ин ном мушкиле пеш меояд, зеро дар алифбои русӣ ҳарфи “ҷ” вуҷуд надорад.
Ӯ мепурсад: Оё ҷоиз аст, ки ба ҷойи “Абдулмуҷиб” писарашро “Абдушшофӣ” ном гузорад? Ё метавонад яке аз дигар номҳои ифодакунандаи бандагӣ ба Аллоҳ таъолоро интихоб кунад? Ё беҳтар аст, бо вуҷуди душвории навиштани ин ном бо ҳарфҳои русӣ, ба ваъдаи худ вафо намуда, ӯро “Абдулмуҷиб” ном гузорад?

Хулосаи ҷавоб

Ҳеҷ ишколе нест, ки ин зан фарзандашро “Абдушшофӣ” ном гузорад. Аммо агар ӯ назр карда бошад, ки фарзандашро “Абдулмуҷиб” ном мегузорад, пас дар сурати иҷро нашудани назр бояд каффораи қасамро адо намояд.

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ ва дуруду паём ба расулуллоҳ ва баъд:

Аввал:

Номи Аллоҳ — “Ал-Муҷиб” — дар ояти зерини Қуръони Карим зикр шудааст:

إِنَّ رَبِّي قَرِيبٌ مُجِيبٌ

سورة هود: ٦١

«Ҳамоно Парвардигори ман наздик ва иҷобаткунандаи дуост».   (Сураи Ҳуд: 61).

Ин ном ҳамчунин дар ҳадисе, ки номҳои некӯтарини Аллоҳ таъолоро баршумурдааст, зикр шудааст. Ин ҳадис назди Тирмизӣ (3507) бо тариқи Валид ибни Муслим, назди Ибни Моҷа (3861) бо тариқи Абдулмалик ибни Муҳаммад Санъонӣ ва назди Ҳоким (42) бо тариқи Абдулазиз ибни Ҳусайн ибни Ат-Тарҷумон ривоят шудааст.
Аммо ин ҳадис бо тамоми тариқҳои ривоятшудааш заиф мебошад.
Бо вуҷуди ин, аксари аҳли илм “Ал-Муҷиб”-ро дар қатори номҳои Аллоҳ таъоло зикр кардаанд.
Ниг.: "Ал-Қавоиду-л-мусло"-и Ибни Усаймин, саҳ. 15 ва "Муътақаду аҳли-с-суннати ва-л-ҷамоъати фӣ асмои-л-лаҳи-л-ҳусно" -и Доктор Муҳаммад ибни Халифа Ат-Тамимӣ, саҳ. 165.

Дувум:

Номи Аллоҳ таъоло “Аш-Шофӣ” аст. Ин ном дар ҳадисе, ки Бухорӣ (5675) ва Муслим (2191) аз Оиша (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод) ривоят кардаанд, омадааст. Оиша (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод) мегӯяд, ки расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) ҳар гоҳ назди беморе мерафт ё бемореро назди ӯ меоварданд, чунин дуо мекард:

أَذْهِبِ البَاسَ رَبَّ النَّاسِ، اشْفِ وَأَنْتَ الشَّافِي، لاَ شِفَاءَ إِلَّا شِفَاؤُكَ، شِفَاءً لاَ يُغَادِرُ سَقَمًا

«Эй Парвардигори мардум, ранҷу бемориро дур кун! Шифо бидеҳ, ки Ту Шифобахшӣ. Ҷуз шифои Ту ҳеҷ шифое нест — шифое, ки ҳеҷ бемориро боқӣ нагузорад».

Аммо ин ном дар ҳадисе, ки номҳои Аллоҳ таъолоро баршумурдааст, зикр нашудааст.
Ниг.: "Ал-Қавоиду-л-мусло"-и Ибни Усаймин, саҳ. 16 ва "Муътақаду аҳли-с-суннати ва-л-ҷамоъати фӣ асмои-л-лаҳи-л-ҳусно" -и Доктор Муҳаммад ибни Халифа Ат-Тамимӣ, саҳ. 156.
Бар ин асос, номгузории фарзанд бо номҳои “Абдулмуҷиб” ва “Абдушшофӣ” ҷоиз аст.

Савум:

Зарур нест, ки номи мазкур ҳатман бо ҳарфе навишта шавад, ки дар забони арабӣ ба ҳарфи "ҷ" мувофиқат кунад.
Балки, метавон онро бо ҳар ҳарфе дар ин забон навишт, ки ҳангоми талаффуз садои ҳарфи "ҷ" ё садои ба он наздикро ифода намояд.
Аллоҳ таъоло мефармояд:

فَٱتَّقُواْ ٱللهَ مَا ٱسۡتَطَعۡتُمۡ وَٱسۡمَعُواْ وَأَطِيعُواْ وَأَنفِقُواْ خَيۡرٗا لِّأَنفُسِكُمۡ وَمَن يُوقَ شُحَّ نَفۡسِهِۦ فَأُوْلَٰٓئِكَ هُمُ ٱلۡمُفۡلِحُونَ

سورة التغابن: ١٦

«Пас, то ҳадде ки метавонед, тақвои Аллоҳро пеша кунед ва бишнаведу итоат намоед ва инфоқ кунед, ки барои худатон беҳтар аст. Ва касоне, ки аз бухлу ҳирси нафси хеш нигоҳ дошта шаванд, ононанд, ки растагоронанд».   (Сураи Тағобун: 16).

Аммо агар ин ҳам имконнопазир бошад ё аз талаффузи он ном мақсади саволкунанда равшан дарк нашавад, дар ин сурат барои ӯ номгузории фарзанд бо номи "Абдушшофӣ" ҳеҷ ишколе надорад. Ҳамчунин метавонад фарзандашро "Абдуллоҳ" ё "Абдурраҳмон" ном гузорад. Номгузорӣ бо ин ду ном аз "Абдулмуҷиб" ва "Абдушшофӣ" беҳтар аст.

Чаҳорум:

Агар назр аз даст равад ё иҷрои он имконнопазир гардад, дар ин сурат каффораи савганд бар ӯ воҷиб мешавад. Далели ин ҳадиси Уқба ибни Омир аст, ки аз расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) ривоят кардааст, ки ӯ мефармояд: «Каффораи назр каффораи савганд аст».   Ин ҳадисро Муслим (1645) ривоят кардааст.

Ибни Қудома дар китоби "Ал-Муғнӣ" (10/18) мегӯяд: "Аҳмад дар бораи касе, ки назр кардааст ғуломи муайянеро озод кунад, вале он ғубом пеш аз озод карданаш бимирад, гуфтааст каффораи савганд бар ӯ лозим мешавад ва озод кардани ғуломи дигар бар ӯ лозим нест, зеро ин назр аз даст рафта ва дигар имкони иҷрои он вуҷуд надорад. Бар асоси ҳадиси Уқба ибни Омир, ман дар мавриди коре, ки аз даст рафтааст ё инсон аз анҷоми он оҷиз мондааст, ҳамин назарро қабул дорам". Поёни сухан.

Аллоҳ донотар аст.

Сарчашма

Қасам ва назр
Номҳо, кунияҳо ва лақабҳо

Сарчашма

Сомонаи Ислом савол ва ҷавоб

at email

Хадамоти обуна тавассути почтаи электронӣ

Ба рӯйхати почтаи электронӣ ҳамроҳ шавед, то навигариҳои сомона ва навсозиҳои даврӣ дастраси шумо гардад

phone

Барномаи ИсломQA

Доступи суръати зиед ба мазмун ва имконияти парракашшудан бе-Интернет

download iosdownload android