Якшанбе 21 Ҷумода-л-охира 1446 - 22 Декабр 2024
Тоҷикӣ

Ҳадиси заиф оиди сураи Ёсин

654

Таърихи нашр : 25-09-2020

Мушоҳидаҳо : 2688

Савол

Сурае, ки дили Қуръон ҳисобида мешавад, кадом аст?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Ҳадисе дар мавриди сураи "Ёсин" омадааст, ки он дили Қуръон аст, ҳадиси заиф мебошад.

(Ниг: Силсилату-л-аҳодиси-з-заифа ва-л-мавзуъа-и Албонӣ ҳадиси рақами 169).

Бе шак сураи Ёсин сураи хеле бузург аст ва дар он қиссаҳои таъсирнок ва ибратҳои расо ва басанда вуҷуд дорад. Аммо ҳамчун дили Қуръон тавсиф шуданаш собит нашудааст.

Эй писар, дар ҳоле ки ту дар синни сенздаҳ солагӣ чунин савол медиҳӣ, ин шоистаи ситоишу ташвиқ аст. Аллоҳ туро муваффақ ва хатоҳоятро ислоҳ кунад.

Сарчашма: Шайх Муҳаммад Солеҳ Ал-Мунаҷҷид