Агар шахс (Шаҳодатайн)-ро ба забон наоварда, ба Ислом дохил шавад, мо наметавонем бигӯем, ки ӯ мусулмон аст, ҳатто агар ӯ Исломро дӯст дошта, эътироф кунад, ки он беҳтарини динҳо ва дини бузург аст ва ғайра. Абӯтолиб, амаки паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) кофир вафот кард. Аллоҳ ба паёмбараш фармон дод, ки барои ӯ истиғфор (талаби омӯрзиши гуноҳ) накунад, гарчанде ки ӯ паёмбарро ҳимоя мекард ва дар шеърҳояш мегуфт:
Ман медонам, ки дини Муҳаммад пок аст,
Аз ҳамаи динҳои башарият беҳтарин аст.
Агар намебуд тарси маломату бадгӯӣ,
Ман онро бо дили озод қабул мекардам.
Агар шахс фавт кунад ва "Шаҳодатайн"-ро ба забон наоварад, дар дуо ва намози ҷаноза ва дафн ва дигар масоил мо бо ӯ ба мисли куффор муносибат мекунем ва боқимондаи корҳои ӯро ба Аллоҳ вогузор мекунем.
Агар шахс Исломро бо эътиқод ва яқин қабул кунад ва "Шаҳодатайн"-ро ба забон оварад, пас ӯ мусулмон ҳисобида мешавад, ҳатто агар исломи худро расман сабти ном накунад ва ба додгоҳ ё маркази исломӣ барои гирифтани "Шаҳодатномаи қабули Ислом" муроҷиат накунад ва ҳатто онро байни мардум ошкоро эълон накарда бошад. Агар чунин шахс бимирад, мо барои ӯ ҷаннатро умед менамоем ва барои ӯ аз Аллоҳ раҳмат мехоҳем. Аллоҳ аз ҳоли бандагон огоҳ аст