Шанбе 9 Рабиъу-л-охир 1446 - 12 Октябр 2024
Тоҷикӣ

Савганд хӯрдааст, ки рӯзаи Рамазонро мехӯрад

Савол

Агар мард савганд хӯрад, ки дар рӯзи Рамазон мехӯрад, (ин амал) чӣ ҳукм дорад?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Аввал:

Рӯзаи Рамазон бар ҳар мусулмони болиғу оқил, муқиму қодир ба рӯза воҷиб мебошад. Агар касе ин сифатҳоро дошта бошад, барояш рӯзахӯрӣ бе узр ҳаром мегардад. Инчунин барояш ҳаром аст, ки бар рӯзахӯрӣ савганд хӯрад, зеро дар савганди ӯ азму таъкид бар кори ҳаром дида мешавад.

Дувум:

Агар мусулмон бар иҷро намудани кори гуноҳ савганд хӯрад, баряш ҷоиз нест, ки ба қасамаш вафо карда он корро иҷро намояд. Балки бар ӯ воҷиб аст, ки қасамашро шиканад ва каффорати онро бипардозад. Зеро паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст: «Касе бар чизе савганд хӯрад ва баъд барояш аён шавад, ки аз он дида чизи хубтаре вуҷуд дорад, пас бояд ҳамон чизи хубтарро иҷро намуда, ба савганди хӯрдааш каффорат бидиҳад».   Ривояти Муслим (1650).

Каффорати савганд инҳоянд: Таом додан ба даҳ мискин ё либос додан ба даҳ мискин ё озод кардани як ғулом. Касе онро (яке аз ин зикршудаҳоро) наёбад, се рӯз рӯза мегирад. Аллоҳ таъоло фармудааст:

 لا يُؤَاخِذُكُمُ اللَّهُ بِاللَّغْوِ فِي أَيْمَانِكُمْ وَلَكِنْ يُؤَاخِذُكُمْ بِمَا عَقَّدْتُمُ الأَيْمَانَ فَكَفَّارَتُهُ إِطْعَامُ عَشَرَةِ مَسَاكِينَ مِنْ أَوْسَطِ مَا تُطْعِمُونَ أَهْلِيكُمْ أَوْ كِسْوَتُهُمْ أَوْ تَحْرِيرُ رَقَبَةٍ فَمَنْ لَمْ يَجِدْ فَصِيَامُ ثَلاثَةِ أَيَّامٍ ذَلِكَ كَفَّارَةُ أَيْمَانِكُمْ إِذَا حَلَفْتُمْ وَاحْفَظُوا أَيْمَانَكُمْ كَذَلِكَ يُبَيِّنُ اللَّهُ لَكُمْ آيَاتِهِ لَعَلَّكُمْ تَشْكُرُونَ    المائدة / 89

«Аллоҳ шуморо ба сабаби савгандҳои беҳудаатон бозхост намекунад. Вале ба сабаби шикастани савгандҳое, ки ба қасд мехӯред, бозхост мекунад. Пас кафораи он хӯрок додан ба даҳ мискин аст аз ғизои миёнае, ки ба хонаводаи хеш мехӯронед ё пӯшиши онҳо, ё озод кардани як банда ва ҳар кӣ наёбад, се рӯз рӯза доштан. Ин кафораи савгандҳои шумост, ҳар гоҳ, ки савганд хӯрдед. Ва савгандҳои худро ҳифз кунед. Аллоҳ оёти худро барои шумо инчунин баён мекунад, бошад, ки шукргузор бошед».   (Сураи Моида: 89).

Лутфан ба саволи рақами (45676) нигаред.

Саввум:

Касе ки ин корро кардааст, (яъне савганд хӯрдааст, ки дар Рамазон рӯза намедорад) бояд ба сӯи Аллоҳ тавба намояд. Ин кори хеле зишт аст, ки мусулмон савганд хӯрад, ки дар Рамазон рӯза намедорад. Ин ба он далолат дорад, ки ӯ нисбати ҳаромкардаҳои Аллоҳ бепарвоӣ ва саҳлангорӣ менамояд. Қаблан дар ҷавоби саволи рақами (38747) уқубати бе узр рӯза нагирифтан дар Рамазон баён карда шудааст ва гумон карда мешавад, ки анҷом диҳандааш мунофиқ аст. Паноҳ ба Аллоҳ.

Заҳабӣ дар китоби "Кабоир" (саҳ: 64) гуфтааст:

"Дар назди мӯъминон муқаррар аст, ки шахсе рӯзаи Рамазонро бидуни беморӣ ва бе узри шаръӣ тарк кунад, ӯ аз зинокору мудмину-л-хамр (касе ки бардавом шароб менӯшад) бадтар мебошад. Балки ба мусулмон буданаш шак карда, ӯро бедину зиндиқ гумон мекунанд". Поёни сухан.

Аз Аллоҳ бахшоишу офият ва устуворӣ дар динро мепурсем.

      Аллоҳ донотар аст.

Сарчашма: Ислом савол ва ҷавоб