Рӯзаи моҳи Рамазон бар ҳар мусалмони болиғ, оқил, муқим ва тавоно бар рӯза воҷиб аст. Ҳар касе, ки чунин бошад, бар ӯ ҳаром аст, ки бе узр рӯзаашро бихӯрад, зеро дар ин амал мухолифати ошкор ба фармони Аллоҳ ва фармони расули Ӯ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) ва поймол сохтани ҳурмати ин моҳи бузург вуҷуд дорад.
Аллоҳ таъоло фармудааст:
يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا كُتِبَ عَلَيْكُمُ الصِّيَامُ كَمَا كُتِبَ عَلَى الَّذِينَ مِنْ قَبْلِكُمْ لَعَلَّكُمْ تَتَّقُونَ
سورة البقرة: ١٨٣
«Эй касоне, имон овардаед, рӯза бар шумо фарз шуд, чунон ки бар касоне, ки пеш аз шумо буданд, фарз шуда буд, то парҳезгор шавед». (Сураи Бақара: 183).
Боз Аллоҳ таъоло фармудааст:
فَمَنْ شَهِدَ مِنْكُمُ الشَّهْرَ فَلْيَصُمْهُ وَمَنْ كَانَ مَرِيضاً أَوْ عَلَى سَفَرٍ فَعِدَّةٌ مِنْ أَيَّامٍ أُخَرَ
سورة البقرة: ١٨٥
«Пас ҳар касе аз шумо, ки ин моҳро дарёбад, бояд онро рӯза бидорад ва ҳар кас бемор ва ё дар сафар бошад, бояд ба теъдоди рӯзҳои фавтшуда дар рӯзҳои дигар рӯза бидорад». (Сураи Бақара: 185).
Рӯза гирифтан замоне воҷиб мегардад, ки ворид шудани моҳи Рамазон бо дидани ҳилол собит шавад ё моҳи Шаъбон сӣ рӯз комил гардад.
Паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст:
«Ислом бар панҷ поя бино шудааст: шаҳодат додан ба он ки ҳеҷ маъбуде барҳақ ҷуз Аллоҳ нест ва Муҳаммад фиристодаи Аллоҳ аст, барпо доштани намоз, додани закот, ҳаҷ ва рӯзаи Рамазон».
Ин ҳадисро Бухорӣ (8) ва Муслим (16) ривоят кардаанд.
Агар мақсад аз саволи шумо ба таъхир андохтани рӯза то рӯзи чаҳорум бе узр бошад, пас шумо медонед, ки ин амал ҳаром буда, анҷом додани он ҷоиз нест; балки аз гуноҳони кабира ба ҳисоб меравад. Ба ҷавоби саволи рақами (38747) нигаред.
Аммо агар ба таъхир андохтани рӯза ба сабаби узр бошад, монанди беморӣ ё сафар, дар ин сурат бар шумо гуноҳе нест ва бояд ҳамин ки узр бартараф гардад — хоҳ дар рӯзи чаҳорум бошад ё дертар — бояд рӯза бигиред ва қазои рӯзҳоеро, ки рӯза нагирифтаед, адо намоед; бар асоси фармудаи Аллоҳ таъоло:
ومَن كَانَ مَرِيضًا أَوْ عَلَىٰ سَفَرٍ فَعِدَّةٌ مِّنْ أَيَّامٍ أُخَرَ
سورة البقرة: ١٨٥
«Ва ҳар кас бемор ва ё дар сафар бошад, бояд ба теъдоди рӯзҳои фавтшуда дар рӯзҳои дигар рӯза бидорад». (Сураи Бақара: 185).
Яъне агар бемор ё мусофир рӯза нагирад, бар ӯ воҷиб аст, ки пас аз анҷоми моҳи Рамазон ба теъдоди рӯзҳое, ки хӯрдааст, рӯзаи қазо бигирад.