Пардохти закот ба муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ, ки ба дастгирӣ ниёз дорад

Савол 6977

Оё ҷоиз аст, ки ба муассисаи таҳсилоти ибтидоии кӯдакон закот дода шавад, агар ин муассиса ба дастгирии молиявӣ ниёз дошта бошад?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ ва дуруду паём ба расулуллоҳ ва баъд:

Дидгоҳи саҳеҳ он аст, ки масраф кардани закот ба чунин муассиса ҷоиз нест. Масрафҳои закотро Аллоҳ таъоло дар ояти зерин баён намудааст:

إِنَّمَا الصَّدَقَاتُ لِلْفُقَرَاءِ وَالْمَسَاكِينِ وَالْعَامِلِينَ عَلَيْهَا وَالْمُؤَلَّفَةِ قُلُوبُهُمْ وَفِى الرِّقَابِ وَالْغَارِمِينَ وَفِى سَبِيلِ اللهِ وَابْنِ السَّبِيلِ فَرِيضَةً مِّنَ اللهِ وَاللهُ عَلِيمٌ حَكِيمٌ

سورة التوبة: ٦٠

«Садақаҳо танҳо барои фақирон ва мискинон ва коргузорони ҷамъоварии он ва дилҷӯшудагон ва барои (озод кардани) бандагон ва (пардохти қарзи) қарздорон ва дар роҳи Аллоҳ ва мусофирон (дарроҳмондагон) аст. Фаризаест аз ҷониби Аллоҳ. Ва Аллоҳ донои ҳаким аст».   (Сураи Тавба: 60).

1. Фақир он касест, ки ҳеҷ чизе надорад.

2. Мискин он касест, ки дорост, аммо дороияш барояш кофӣ нест. (Яъне мискин он шахсест, ки мол дорад, аммо он мол барои бароварда сохтани ниёзҳои зиндагии ӯ басанда нест).

3. Коргузори закот он касест, ки аз ҷониби пешво таъйин шудааст, то закотро ҷамъоварӣ намояд ва мутобиқ ба ҳаҷми кори анҷомдодааш музд мегирад, ҳатто агар ӯ сарватманд ҳам бошад.

4. Муаллафату-л-қулуб (дилҷӯшудагон) онҳоянд, ки паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) онҳоро ба худ наздик месохт ва дилҳояшонро ҷалб менамуд, то Ислом оваранд ё аз зиёнашон пешгирӣ шавад ва ё нияташон тақвият ёфта, бар Ислом устувор бимонанд. Онҳо ба се гурӯҳ тақсим мешуданд.

5. Бандагон онҳо мукотабон, яъне ғуломоне мебошанд, ки бо соҳибони худ барои озод шудан бо пардохти маблағе ба мувофиқа расидаанд, ё маблағе, ки барои озод сохтани онҳо бидуни чунин мувофиқа пардохта мешавад.

6. Қарздор он қарздорест, ки аз пардохти қарзи худ оҷиз мондааст.

7. Дар роҳи Аллоҳ онҳоянд, ки ба хотири ҷиҳод дар роҳи Аллоҳ ва боло бурдани калимаи Ислом худро бахшидаанд.

8. Мусофир (дарроҳмонда) он мусофири бегонаест, ки аз молу дороии худ ҷудо мондааст; ба ӯ ба андозаи бартараф кардани ниёзаш дода мешавад, ҳатто агар дар ватани худ сарватманд ҳам бошад.

Ҳамчунин, закотдиҳанда метавонад закотро ба ҳамаи гурӯҳҳои зикршуда пардохт намояд ё танҳо ба бархе аз онҳо — ҳатто ба як нафар аз ҳар гурӯҳе, ки бошад.
Баъзе аз мардум (яъне бархе аз донишмандон) маънои ибораи «дар роҳи Аллоҳ»-ро васеътар ва фаротар тафсир кардаанд, аммо назари роҷеҳ (ва дурусттарин дидгоҳ) он аст, ки он бештар ба ҷиҳод марбут мебошад ва мумкин аст ҳаҷ низ ба он дохил гардад.

Ибни Касир мегӯяд:
"Аммо «дар роҳи Аллоҳ» — аз ҷумла ба он ғозиёне дохил мешаванд, ки дар девон саҳм надоранд. Ва ба назари Аҳмад, Ҳасан ва Исҳоқ, бар асоси ҳадис, ҳаҷ низ аз ҷумлаи «дар роҳи Аллоҳ» ба шумор меравад". "Тафсири Ибни Касир", (2/367).

Мақсад аз ин ҳадис он аст, ки дар "Муснад"-и Имом Аҳмад собит шудааст, ки паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст: «Ҳаҷ ва умра аз ҷумлаи роҳи Аллоҳ мебошанд».

Хулоса, сарфи закот ба ин мактаб ҷоиз нест, магар дар сурате ки хонандагони он фақир бошанд ё ба яке аз ҳашт гурӯҳи муқарраршуда дохил гарданд. Дар Шариъат роҳҳои дигаре барои дастгирии чунин муассисаҳо пешбинӣ шудааст, аз ҷумла садақа, ҳадя ва вақф. Ва Аллоҳ таъоло донотар аст.

Сарчашма

Масрафҳои закот

Сарчашма

Шайх Муҳаммад Солеҳ Ал-Мунаҷҷид

at email

Хадамоти обуна тавассути почтаи электронӣ

Ба рӯйхати почтаи электронӣ ҳамроҳ шавед, то навигариҳои сомона ва навсозиҳои даврӣ дастраси шумо гардад

phone

Барномаи ИсломQA

Доступи суръати зиед ба мазмун ва имконияти парракашшудан бе-Интернет

download iosdownload android