Панҷшанбе 7 Рабиъу-л-охир 1446 - 10 Октябр 2024
Тоҷикӣ

Оё пӯшидани соат дар дасти рост мувофиқи суннат аст?

Савол

Касе ба ман насиҳат кард, ки соатамро ба дасти ростам бибандам, ба ин далел, ки расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) ба самти рост тарғибу ташвиқ кардааст. Оё ин дуруст аст?

Матни ҷавоб

Бастани соат дар дасти рост ва ё чап ҳеҷ ишколе надорад. Инсон дар ин маврид метавонад ҳар он чизеро, ки барояш осонтар аст, интихоб кунад ва ҳеҷ яке аз онҳоро наметавон мухолифи суннат донист.

Шайх Абдулазиз ибни Боз (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) гуфтааст:

"Бастани соат дар дасти рост ва ё чап, ба монанди ангуштарӣ ҳеҷ боке надорад. Аз паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) собит шудааст, ки ӯ ангуштариро дар дасти рост ва чап мепӯшид". Поёни сухан.

"Фатово исломия" (4/255).

Шайх Муҳаммад ибни Солеҳ Ал-Усаймин (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) гуфтааст:

"Гузоштани соат дар дасти рост аз гузоштани он дар дасти чап беҳтар нест, зеро соат мисли ангуштарӣ аст ва ҳеҷ фарқе байни гузоштани соат дар дасти рост ё чап вуҷуд надорад. Вале бидуни шак дар дасти чап гузоштани он, аз ҷиҳати ислоҳ кардани он ва нигоҳ намудан ба он осонтар буда, дар бештари маворид эминтар мебошад, зеро дасти рост бештар ҳаракат мекунад, бинобар ин, он хатарноктар аст.

Масъала дар ин маврид васеъ аст, пас набояд гуфт, ки дар дасти рост бастани он суннат аст, зеро дар суннат пӯшидани ангуштарӣ ҳам дар дасти рост ва ҳам дар дасти чап омадааст ва соат мисли ангуштарӣ аст". Поёни сухан.

"Ашшарҳу-л-мумтиъ" (6/110).

     Аллоҳ донотар аст. 

Сарчашма: Ислом савол ва ҷавоб