Якшанбе 21 Ҷумода-л-охира 1446 - 22 Декабр 2024
Тоҷикӣ

Ӯ номҳои китобҳоеро мехоҳад, ки махсус дар мавзӯи ҳалли мушкилоти ҷомеа навишта шудаанд

72366

Таърихи нашр : 02-05-2024

Мушоҳидаҳо : 572

Савол

Ман мехоҳам дар соҳаи ҳалли мушкилоти ҷомеа - албатта аз Қуръону суннат - мутахассис шавам. Пас кадом китобҳоро бояд омӯхт?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Мушкилоти ҷомеа зиёданд, қисме аз онҳо ба шавҳарон, ҳамсарон, ҷавонон, духтарон, занон ва умуман ба оила дахл дорад.

Бародари саволдиҳанда дар саволи худ дар бораи китобҳое, ки ба ҳалли ин мушкилот тибқи Қуръону суннат мепардозад, хеле хуб қайд кард. Зеро дар ҳалле, ки тибқи ваҳйи Аллоҳ таъоло набошад, хайре вуҷуд надорад, ки Ӯ мардумро офарид ва медонад, ки чӣ чизе барои онҳо беҳтар аст, пас онҳоро ба сӯи он роҳнамоӣ мекунад ва аз он чӣ ба онҳо зарар дорад, ҳушдор медиҳад.

Китобҳое, ки дар мавзӯи ҳалли ҳама гуна мушкилот навишта шудаанд, инҳоянд: 
1. "Асару татбиқи-ш-шариъати-л-исломияти фӣ халли-л-мушкилоти-л-иҷтимоийя"-и Иброҳим ибни Муборак Ал-Ҷувайр.
2. "Усратун било машокил"-и Мозин Абдулкарим Ал-Фурайҳ.
3. "Асару-т-тарбияти-л-исломияти фӣ амни-л-муҷтамаъи-л-исломӣ"-и Абдуллоҳ Қодирӣ Ал-Аҳдал.
4. "Воҷиботу-л-мар'ати-л-муслимати фӣ завъи-л-китоби ва-с-сунна"-и Шайх Холид Ал-Ак.
5. "Мин ахтои-з-завҷот"-и Шайх Муҳаммад ибни Иброҳим Ал-Ҳамад.
6. "Тарбияту-л-абнои ва-л-баноти фӣ завъи-л-китоби ва-с-сунна"- Шайх Холид Ал-Ак.
7. "Аттақсиру фӣ тарбияти-л-авлод, ал-мазоҳир, субулу-л-виқоя, ал-илоҷ"-и Шайх Муҳаммад ибни Иброҳим Ал-Ҳамад.
8. "Илоҷу-л-ҳумум"-и Шайх Муҳаммад Солеҳ Ал-Мунаҷҷид.
9. "Мушкилотун ва ҳулол"-и Шайх Муҳаммад Солеҳ Ал-Мунаҷҷид.
10. "Арбаъуна насиҳатан лиислоҳи- л-буют"и Шайх Муҳаммад Солеҳ Ал-Мунаҷҷид.
11. "Хамсуна ҳолатан нафсия"-и Доктор Муҳаммад Ас-Сағир.

    Аллоҳ тавфиқдиҳанда аст.

Сарчашма: Ислом савол ва ҷавоб