Чоршанбе 17 Ҷумода-л-охира 1446 - 18 Декабр 2024
Тоҷикӣ

Мусулмон шуд ва асбобҳои мусиқӣ дорад, бо онҳо чӣ кор кунад?

7453

Таърихи нашр : 05-12-2024

Мушоҳидаҳо : 591

Савол

Моҳи сентябри соли 99 Исломро қабул кардам, алҳамду лиллоҳ. Ман гитаранавоз будам. Ман мехоҳам бидонам, ки оё асбоби мусиқиам (гитара)-ро фурӯхтан мумкин аст? Дар мавриди таҷҳизоте, ба монанди микрофонҳо, дастгоҳҳои садоомезӣ ва компютерҳо, ки воқеан метавонанд барои мақсадҳои дигар ғайр аз мусиқӣ ҳам истифода шаванд, чӣ гуфтан мумкин аст? Оё метавонам онҳоро бифурӯшам? Агар фурӯхтани он таҷҳизотҳо ҷоиз набошад, бо онҳо чӣ кор кунам?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Мо саволи зеринро ба Ҷаноби Шайх Абдуллоҳ ибни Абдурраҳмон ибни Ҷибрин матраҳ намудем. Ӯ (Аллоҳ ӯро ҳифз кунад) чунин посух дод:

Агар ин таҷҳизотҳо дар чизҳои мубоҳ истифода бурда нашаванд, балки комилан ё дар аксари мавридҳо дар чизҳои ҳаром истифода шаванд, бояд нобуд карда шаванд.

Ва ҳар кас аз Аллоҳ битарсад (ва парҳезкорӣ кунад), Аллоҳ роҳи раҳоӣ аз мушкилотро барояш фароҳам месозад ва ба ӯ аз ҷое, ки гумон надорад, рӯзӣ медиҳад. Поёни сухан.

Барои донистани ҳукми мусиқӣ, лутфан ба саволи 5011 нигаред.

Аллоҳ донотар аст.

Сарчашма: Шайх Абдуллоҳ ибни Ҷибрин