"Эй бародар, бароят шоиста нест, ки аз чунин шахс қарз бигирӣ ё бо ӯ муомила намоӣ, то замоне ки муомилоти ӯ бар ҳаром асос ёфта, ба муомилоти ҳаром — аз ҷумла рибо ва ғайра — маъруф аст. Аз ин рӯ, бароят ҷоиз нест, ки бо ӯ муомила кунӣ ва ё аз ӯ қарз бигирӣ; балки бар ту воҷиб аст, ки аз чунин корҳо парҳез намоӣ ва аз он дурӣ ҷӯӣ.
Аммо агар ӯ ҳам бо ҳаром ва ҳам бо ҳалол муомила дошта бошад, яъне фаъолияти молии ӯ омехта аз поку нопок бошад, дар ин сурат ҳеҷ боке нест, вале худдорӣ аз он беҳтар аст; бар асоси фармудаи паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод):
«Он чиро, ки туро ба шак меандозад, раҳо кун ва ба сӯи он чӣ шакке дар он нест, рӯй овар». Тирмизӣ (2518) ин ҳадисро ривоят кардааст. Албонӣ онро дар китоби "Саҳиҳу-т-тирмизӣ" саҳеҳ донистааст.
Ҳамчунин бар асоси фармудаи паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод):
«Ҳар кас аз шубҳаҳо парҳез намояд, дин ва обрӯи худро пок нигоҳ доштааст». Ривояти Бухорӣ ва Муслим.
Ҳамчунин бар асоси фармудаи паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод):
«Гуноҳ он аст, ки дар дили ту изтироб эҷод мекунад ва намехоҳӣ мардум аз он огоҳ шаванд». Тирмизӣ (2389) ин ҳадисро ривоят кардааст. Албонӣ онро дар китоби "Саҳиҳу-т-тирмизӣ" саҳеҳ донистааст.
Пас, мӯъмин аз чизҳои шубҳанок дурӣ меҷӯяд. Агар бидонӣ, ки тамоми муомилоти ӯ ҳаром аст ва ба тиҷорати ҳаром машғул мебошад, пас бо чунин шахс муомила карда намешавад ва аз ӯ қарз гирифта намешавад". Поёни сухан.
"Маҷмуъу фатово"-и Ибни Боз (19/286).