Якшанбе 21 Ҷумода-л-охира 1446 - 22 Декабр 2024
Тоҷикӣ

Хӯрдани хӯроке, ки барои иди насрониён омода шудааст

Савол

Ҳукми хӯрдани хӯроке, ки барои иди насрониён омода шудааст, чист? Ҳукми қабул намудани даъвати онҳо ба хотири ҷашни таваллуди Масеҳ (дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) чист?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Ҷашн гирифтани идҳои нав пайдошуда, ба монанди иди мелоди насроиён (мавлуди Исо), иди Наврӯз ва Меҳргон ва инчунин идҳое, ки мусулмонон эҷод кардаанд, ба монанди мавлуди паёмбар дар моҳи рабиъу-л-аввал ва иди Исро дар моҳи раҷаб ва ғайра ҷоиз нест. Аз он хӯроке, ки насрониён ё мушрикон дар мавсими идҳояшон омода кардаанд, хӯрдан ҷоиз нест. Инчунин қабул намудани даъвати онҳо ба хотири ҷашн гирифтани он идҳо ҷоиз нест, зеро қабул намудани ингуна даъватҳо боиси ташвиқи онҳо ва эътироф намудани ин бидъатҳо мебошад. Ва ин сабаби фиреб хӯрдани нодонон мешавад ва онон гумон мекунанд, ки ин кор ҳеҷ боке надорад.

         Аллоҳ донотар аст.

Сарчашма: Аз китоби "Ал-Луълуъ Ал-макин мин фатово Аш-Шайх Ибни Ҷибрин". Саҳ: 27