Закоти фитр ба фақирону мискинон дода мешавад, бар асоси гуфтаи Ибни Аббос (Аллоҳ аз он ду хушнуд бод), ки фармудааст:
«Расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) закоти фитрро барои поксозии рӯзадор аз гуфтори беҳуда ва рафтори ношоиста ва низ ҳамчун ғизо барои мискинон фарз гардонд».
Ин ҳадисро Абуовуд (1609) ривоят кардааст ва Нававӣ дар китоби "Ал-Маҷмуъ" (6/126) ва Албонӣ дар китоби "Саҳиҳи Абудовуд" онро ҳасан шуморидаанд.
Бинобар ин, агар хонаводаи ҳамсар аз ҷумлаи фақирон ва мискинон бошанд, додани закоти фитр ба онҳо ҳеҷ ишколе надорад. Балки додани он ба онҳо нисбат ба дигарон беҳтар аст, зеро хешовандони ҳамсар ба хотири эҳтиром ба ҳамсар ва некиву эҳсон нисбат ба ӯ, ҳаққи таваҷҷуҳ ва ғамхорӣ доранд.
Шайх Ибни Усаймин (Аллоҳ ӯро раҳм кунад) дар китоби "Нурун ъала-д-дарб" (682) гуфтааст:
"Бешубҳа, хешовандони ҳамсар ҳаққе доранд, ки дигарон, ки чунин нисбат надоранд, аз он бархӯрдор нестанд". Поёни сухан.
Аз Аллоҳ субҳонаҳу ва таъоло умедворем, ки бароятон ҳам савоби садақа ва ҳам савоби риояи пайванди хешутаборӣ ва некиву эҳсон нисбат ба хонаводаи ҳамсарро ато фармояд.
Аллоҳ донотар аст.