Ӯ мехоҳад мусалмони хуб бошад

Савол 8424

Ман мехоҳам мусалмони ҳақиқӣ бошам. Аз куҷо бояд оғоз кунам? Ҳоло ман шахси бад нестам, аммо ҳамаи намозҳои панҷгонаро адо наменамоям ва либоси дурусти исломӣ намепӯшам. Пас, аз куҷо бояд оғоз кунам?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ ва дуруду паём ба расулуллоҳ ва баъд:

Мусалмони ҳақиқӣ будан ба он маъност, ки мусалмон ба аҳкоми Ислом пойбанд бошад. Яке аз муҳимтарини онҳо намоз мебошад, зеро намоз сутуни дин буда, нахустин чизест, ки банда дар рӯзи қиёмат барои он мавриди ҳисоб қарор мегирад. Намоз аҳду паймони миёни аҳли имон ва аҳли куфр аст; ҳар кас онро тарк кунад, кофир шудааст.

Аз ин рӯ, бар ту воҷиб аст, ки намозҳоятро дар вақташ ба ҷо оварӣ ва дар ҳеҷ кадоме аз онҳо кӯтоҳӣ накунӣ.
Сипас, бар ту зарур аст, ки ба дигар аҳкоми Шариъат низ пойбанд бошӣ, аз ҷумла ҳиҷоб. Аз ҷумлаи омилҳое, ки ба мусалмон дар ин роҳ ёрӣ мерасонанд, таваҷҷуҳ ба қироати Қуръон, мутолиаи сирати паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) ва инчунин омӯзиши зиндагиномаву саргузашти бандагони солеҳ аст. Ҳамчунин, ба ту тавсия медиҳем, ки дар миёни занони мусалмон ҳамнишинони солеҳу некро интихоб кунӣ, зеро ин ба ту, ба изни Аллоҳ таъоло, барои устувор мондан дар роҳи дини Аллоҳ кӯмак хоҳад кард.
Эй хоҳар, бар ту зарур аст, ки дар пайравӣ аз фармудаи Аллоҳ таъоло худро пайваста ҳисобу китоб намоӣ. Аллоҳ таъоло мефармояд:

يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا اتَّقُوا اللهَ وَلْتَنظُرْ نَفْسٌ مَّا قَدَّمَتْ لِغَدٍ وَاتَّقُوا اللهَ

سورة الحشر: ١٨

«Эй касоне, ки имон овардаед, аз Аллоҳ битарсед ва ҳар нафс бингарад, ки барои фардо чӣ пеш фиристодааст. Ва аз Аллоҳ битарсед».   (Сураи  Ҳашр: 18).

Аллоҳ таъоло дар ин оят ду маротиба ба тарс ва тақвои Худ амр кардааст ва дар миёни ин ду амр ба ҳисобу китоби нафс низ амр кардааст.
Пас, бингар, ки барои рӯзи қиёмат аз анҷоми корҳои нек ва тарки корҳои ношоиста чӣ пеш фиристодаӣ. Ҳисобу китоби нафс василаи бузургест барои тағйир. Рӯзи қиёмат рӯзест сахту дароз, тира ва пур аз даҳшат. Бингар, ки барои он рӯз аз тоату ибодат чӣ омода кардаӣ; онҳоро бештар ба ҷо овар ва дар анҷоми онҳо ихлос варз. Гуноҳонро тарк кун, зеро онҳо бадтарин чизе ҳастанд, ки инсон метавонад барои он рӯз омода созад. Ба сӯи охират бо беҳтарин чизе, ки дорӣ, раҳсипор шав.
Ва фаромӯш макун, ки аз Аллоҳ таборак ва таъоло дуо кунӣ, то туро ба роҳи рост ҳидоят намояд ва бар он устувор гардонад.

Аз Аллоҳ таъоло барои худ ва ту тавфиқу ҳидоят ва оқибати некро талаб мекунем. Дуруди Аллоҳ бар паёмбарамон Муҳаммад бод.

Сарчашма

Тавба

Сарчашма

Шайх Муҳаммад Солеҳ Ал-Мунаҷҷид

at email

Хадамоти обуна тавассути почтаи электронӣ

Ба рӯйхати почтаи электронӣ ҳамроҳ шавед, то навигариҳои сомона ва навсозиҳои даврӣ дастраси шумо гардад

phone

Барномаи ИсломQA

Доступи суръати зиед ба мазмун ва имконияти парракашшудан бе-Интернет

download iosdownload android