Ҷумъа 21 Ҷумода-л-уло 1446 - 22 Ноябр 2024
Тоҷикӣ

Хондани сураҳои Кофирун ва Ихлос дар намозҳои суннати бомдоду шом мустаҳаб аст

85349

Таърихи нашр : 25-04-2024

Мушоҳидаҳо : 515

Савол

Оё хондани сураҳои Кофирун ва Ихлос дар аввал ва охири рӯз, яъне дар ду ракъати суннати бомдод ва шом мустаҳаб ва суннати расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) аст?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Аввал:

Бале, хондани сураҳои "Кофирун" ва "Ихлос" дар намози суннати бомдод ва суннати шом мустаҳаб аст. Ин чиз дар суннати саҳеҳ аз паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) собит шудааст.

Аз Абуҳурайра (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод) ривоят шудааст, ки мегӯяд: Расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) дар ду ракъати бомдод «Қул ё айюҳа-л-кофирун» ва «Қул ҳуваллоҳу аҳад»-ро қироат кард.   Ривояти Муслим (726).

Аз Ибни Умар (Аллоҳ аз он ду хушнуд бод) ривоят шудааст, ки мегӯяд: Расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод)-ро бист бор мушоҳида кардам, ки дар ду ракъати суннати баъд аз шом ва ду ракъати суннати пеш аз бомдод «Қул ё айюҳа-л-кофирун» ва «Қул ҳуваллоҳу аҳад»-ро қироат менамуд.   Ривояти Насоӣ (992). Нававӣ дар китоби "Ал-Маҷмуъ" (3/385) гуфтааст: Санади ин ҳадис хуб аст. Албонӣ дар "Ассилсилату-с-саҳиҳа" (3328) ва Шайх Аҳмад Шокир дар "Таҳқиқу-л-муснад» (8/89) онро саҳеҳ донистаанд.

Муборакфурӣ дар китоби "Туҳфату-л-аҳвазӣ" (2/418) гуфтааст:
"Яъне дар ракъати аввали онҳо «Қул ё айюҳа-л-кофирун» ва дар ракъати дуввум «Қул ҳуваллоҳу аҳад»-ро мехонад". Поёни сухан.

Донишмандон бар асоси ин ҳадисҳо хондани ин ду сураро дар намозҳои суннати бомдоду шом мустаҳаб донистаанд.

Ниг: "Ал-Муғнӣ" (1/435), "Муғни-л-муҳтоҷ" (1/464), "Ал-Фатово-л-фиқҳияту-л-кубро" (1/192), Ал-Мавсуъату-л-фиқҳия" (27/159).

Дуввум:

Ҳикмати хондани ин ду сура дар он аст, ки ин ду сура ҳар се навъи тавҳидро дар бар мегирад. Сураи «Қул ҳуваллоҳу аҳад» тавҳиди рубубият ва тавҳиди асмо ва сифотро дар бар гирифта, собит кардааст, ки Аллоҳ таъоло худои ягона аст ва аз Ӯ фарзанд, падар ва ҳамторо нафй намудааст ва илова бар ин, Ӯ "Ас-Смад" аст, ки тамоми сифоти камол дар он ҷамъ шудааст.

Сураи «Қул ё айюҳа-л-кофирун» тавҳиди ибодатро дар бар гирифтааст, ки бояд банда ҷуз Аллоҳ дигар маъбудеро ибодат накунад ва ҳеҷ касеро дар ибодати Ӯ шарик насозад. Аз ин рӯ, "Расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) рӯзро бо ин ду (сура) дар намози суннати бомдод оғоз намуда, рӯзро бо ин ду (сура) дар намози суннати шом ба охир мерасонд. Дар суннатҳо омадааст, ки ӯ ин ду сураро дар намози витр мехонд. Ин ду сура хотима ва охирин амали шаб мебошад, ҳамчунон ки хотима ва охирин амали рӯз буд". Поёни сухан.

Инро Ибни Қайим дар китоби "Бадоиъу-л-фавоид" (1/145-146) гуфтааст.   

Аллоҳ донотар аст.

Сарчашма: Ислом савол ва ҷавоб