Ҷавоби ин масъала дар ҳадиси Ҷобир (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод) баён шудааст. Ӯ мегӯяд: Расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) рибохӯр, рибодиҳанда, нависандаи муомилаи рибо ва ду шоҳиди онро лаънат намуда, фармудаст: «Онҳо (дар гуноҳ) яксонанд».
Ин ҳадисро Муслим (Аллоҳ ӯро раҳм кунад) дар китоби "Саҳиҳ"-и худ таҳти рақами 1598 ривоят кардааст.
Нававӣ (Аллоҳ ӯро раҳм кунад) дар шарҳи ин ҳадис мегӯяд:
"Ин ҳадис ба таври ошкор бар ҳаром будани навиштани қарордоди муомилаи рибо миёни ду шахсе, ки бо рибо муомила мекунанд, инчунин бар ҳаром будани шаҳодат додан бар он далолат мекунад. Ҳамчунин, ин ҳадис бар ҳаром будани ҳар гуна кӯмак ба корҳои ботил низ далолат дорад. Аллоҳ донотар аст".
Бешубҳа, корманди бонки рибавӣ ба ин ё он шакл дар анҷоми муомилаи рибо саҳм мегузорад, ҳатто агар вазифаи ӯ танҳо посбонии бонк бошад.
Эй бародари мусалмон! Агар сабр пеша намоӣ, умед аст, ки Аллоҳ таъоло бароят кори ҳалолеро муҳайё гардонад. Чунонки Аллоҳ таъоло мефармояд:
وَمَنْ يَتَّقِ اللهَ يَجْعَلْ لَهُ مَخْرَجاً ❁ وَيَرْزُقْهُ مِنْ حَيْثُ لا يَحْتَسِبُ
سورة الطلاق: ٢ - ٣
«Ва ҳар кас тақвои Аллоҳро пеша кунад, Аллоҳ барои ӯ роҳи раҳоӣ (аз мушкилотро) фароҳам месозад ва аз ҷое, ки гумон надорад, рӯзияш медиҳад». (Сураи Талоқ: 2 - 3).