Шанбе 20 Ҷумода-л-охира 1446 - 21 Декабр 2024
Тоҷикӣ

Ҳукми издивоҷи зани суннӣ бо марди исмоилӣ (пайрави фирқаи исмоилия)

9072

Таърихи нашр : 27-09-2022

Мушоҳидаҳо : 1930

Савол

Ман як дугонае дорам, ки ҷавонеро хеле зиёд дӯст медорад. Мушкилӣ дар он аст, ки духтар суннӣ асту ҷавон исмоилӣ. Ман мехостам бидонам, ки оё барои онҳо ҷоиз аст, ки бо ҳам издивоҷ бикунанд? Оё тоифаҳои онҳо ба ин издивоҷ бо вуҷуди мусулмон буданашон муқобилат мекунанд?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Барои ин зан ҷоиз нест, ки бо ин ҷавони исмоилӣ издивоҷ бикунад, зеро исмоилиён аз миллати Ислом муртад шудаанд.

Чуноне ки донишмандон дар хулосаи мазҳаби онҳо гуфтаанд: "Ин мазҳабест, ки зоҳири он рофизагӣ аст, вале ботини он куфри холис аст ...".

Ибни Ҷавзӣ гуфтааст: "Натиҷаи гуфторашон инкор намудани офаридгор, рад кардани паёмбариву ибодатҳо ва инкор намудани ҳашру барангехтан аст. Вале онҳо инро дар ибтидо ошкор намекунанд, балки гумон мекунанд, ки Аллоҳ ҳақ аст, Муҳаммад паёмбари Аллоҳ аст ва дин ҳақ аст. Аммо мегӯянд, ки ин маънои ботиниву пинҳонӣ дорад, ки аз маънои зоҳирии он фарқ мекунад. Иблис ба (ақлҳои) онҳо бозӣ кард (ва онҳоро фиреб дод) ва кӯшиши зиёд намуда, мазҳабҳои ононро дар назарашон зебо сохтааст".
Ва ҳамин тавр ғайр аз фирқаи исмоилия, фирқаҳои бидъатгузори дигаре, ки ба куфри онҳо ҳукм шудааст, ба монанди нусайрия ва рофиза чунин ҳукм доранд. Бо онҳо издивоҷ кардан ҷоиз нест ва ҳамчунин раво нест, ки онҳо бо мусулмонон издивоҷ бикунанд.

Аз Талҳа ибни Мусарриф (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) ривоят шудааст, ки мегӯяд: "Набояд бо занони рофиза издивоҷ кард, зеро онҳо муртад ҳастанд".

Шайху-л-ислом дар аснои суханрониаш оиди рофизиҳои ғулувкунанда ва баъзе тоифаҳои ғулувкунанда нисбати Алӣ, аз қабили нусайрия ва исмоилия гуфтааст: Ҳамаи ин кофирон аз яхуду насоро кофиртаранд. Агар ин чиз дар онҳо зоҳир нашавад, онҳо аз ҷумлаи мунофиқонанд, ки дар поинтарин сатҳи ҷаҳаннам хоҳанд буд. Вале агар касе онро зоҳир кунад, пас ӯ дар куфр аз кофирон ҳам бадтар аст .. Ва гуфт: Издивоҷ бо занонашон ҳалол нест, зеро онҳо муртад ва аз бадтарини муртаддонанд. Поёни сухан.

Оиди тоифаи нусайрия гуфт: Донишмандон иттифоқ кардаанд, ки занушӯӣ бо онҳо ҷоиз нест ва барои мард ҷоиз нест, ки духтар, хоҳар ва ё хешованди худро ба онон ба занӣ бидиҳад ва ё бо духтарони онҳо издивоҷ бикунад. Поёни сухан.

Дар мавриди ҳаром будани ба занӣ додани зани мусулмони аҳли суннат бо марди бидъаткоре, ки ба кофир будани ӯ ҳукм содир шудааст ва ботил будани ин издивоҷ аз ниёгони некӯкорамон ривоятҳои мутавотир ворид шудааст.

Ниг: Китоби "Мавқифу аҳли-с-суннати ва-л-ҷамоъати мин аҳли-л-аҳвои ва-л-бидаъ"-и Доктор Иброҳим Ар-Руҳайлӣ (1/377-380) ва китоби "Аттақрибу байна аҳли-с-суннати ва-ш-шиъа"-и Доктор Ал-Қифорӣ (1/152).

Бинобар ин, барои ин зани мусулмон ҷоиз нест, ки бо он мард издивоҷ бикунад, зеро ӯ пайрави миллати Ислом нест, ҳарчанд онро иддао кунад, чуноне ки дар мазҳаби онҳо зикр шудааст. Ӯ набояд ба ин кори ҳаром идома бидиҳад.
     Аллоҳ донотар аст.

Сарчашма: Шайх Муҳаммад Солеҳ Ал-Мунаҷҷид