Бар рӯзадаор зарур аст, ки аз амалҳои ҳаром — чун ғайбат, дурӯғ, суханчинӣ, зулм ва дигар гуноҳон — қатъиян парҳез намояд. Зеро ҳадаф аз рӯза танҳо худдорӣ аз хӯрдану нӯшидан ва ҳамбистарӣ нест, балки мақсад ноил шудан ба тақвои Аллоҳ таъоло мебошад, чунонки фармудааст:
يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا كُتِبَ عَلَيْكُمُ الصِّيَامُ كَمَا كُتِبَ عَلَى الَّذِينَ مِنْ قَبْلِكُمْ لَعَلَّكُمْ تَتَّقُونَ
سورة البقرة: ١٨٣
«Эй касоне, ки имон овардаед, рӯза бар шумо фарз гардонида шуд, ҳамчунон ки бар касоне, ки пеш аз шумо буданд, фарз гардида буд, то парҳезгор шавед». (Сураи Бақара: 183).
Ҳар маъсияте, ки рӯзадор анҷом медиҳад, савоби рӯзаи ӯро кам мекунад. Рӯзадаор пайваста гуноҳ мекунад ва савобаш коҳиш меёбад, то он ҷо ки эҳтимол дорад савоби рӯзааш ба таври комил аз даст биравад. Дар ин бора расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ) фармудааст:
«Баҳраи баъзе аз рӯзадорон аз рӯза танҳо гуруснагӣ аст». Ин ҳадисро Ибни Моҷа (1690) ривоят карда, Албонӣ онро дар "Саҳиҳи Ибни Моҷа" саҳеҳ шумурдааст.
Пас бар рӯзадаор воҷиб аст, ки аз гуноҳон тавба намояд, ба сӯи Аллоҳ бозгардад ва амали худро некӯ созад, то Аллоҳ таъоло рӯзаашро бипазирад.
Аммо аз ҷиҳати дуруст будан ва ботил нагардидани рӯза, танҳо содир кардани маъсияте чун зулм ё дурӯғ боиси ботил шудани рӯза намегардад, вале савоби онро кам мекунад. Пештар тавзеҳи ин масъала дар посухи саволи рақами (37658) баён гардида буд.
Аллоҳ донотар аст.