Барои мӯъмин ҷоиз нест, ки Қуръонро бо оҳангҳои суруд ва ба тарзи сарояндагон тиловат намояд. Балки бар ӯ лозим аст, ки Қуръонро ҳамон гуна бихонад, ки гузаштагони солеҳи мо аз саҳобагони паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) ва пайравони некашон онро мехонданд. Яъне онро бо тартил, андӯҳ (бо ҳолати ҳузн, бо таъсир ва тааммул) ва хузӯъ (хушӯъ ва фурӯтанӣ) тиловат намояд, то бар дилҳои шунавандагон таъсир расонад ва худи хонанда низ аз он таъсир бигирад.
Аммо хондани Қуръон ба тарзи сарояндагон ва ба услуби онҳо ҷоиз нест.