Сешанбе 22 Зулқаъда 1446 - 20 Май 2025
Тоҷикӣ

Сафар намудани зан бо зани дигар бе маҳрам

9370

Таърихи нашр : 08-05-2025

Мушоҳидаҳо : 350

Савол

Оё зан барои зани бегона дар сафар ва монанди он маҳрам ҳисоб мешавад ё на?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Зан барои зани дигар маҳрам ҳисобида намешавад. Маҳрам танҳо марде мебошад, ки издивоҷ бо ӯ ба таври доимӣ ҳаром аст, мисли падар ва бародар аз рӯи насаб ё мисли шавҳар, падари шавҳар ва писари шавҳар ба сабаби мубоҳ ва мисли падару бародари ширхорагӣ ва монанди онҳо.

Барои мард ҷоиз нест, ки бо зани бегона (номаҳрам) танҳо бимонад ё бо ҳамроҳи ӯ сафар бикунад, зеро паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) мефармояд:

«Зан набояд сафар бикунад магар бо ҳамроҳи маҳрам». Муттафақун алайҳ.

Ҳамчунин паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) мефармояд:

«Мард набояд бо зане танҳо бимонад, магар ин ки шайтон шахси саввуми онҳо хоҳад буд». Ривояти Имоми Аҳмад ва дигарон, бо санади саҳеҳ аз ҳадиси Умар (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод).

Аллоҳ соҳиби тавфиқ аст.

Сарчашма: Китоби "Маҷмуъу фатово ва мақолотун мутанаввиъа"-и Ҷаноби Шайх Аллома Абдулазиз ибни Абдуллоҳ ибни Боз (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) ҷилди/8, саҳ/336.