Шанбе 27 Ҷумода-л-охира 1446 - 28 Декабр 2024
Тоҷикӣ

Ҳукми зиндон кардани ӯро содир намудаанд, оё барои наҷот ёфтан аз зиндон қарзи рибавӣ бигирад?

94823

Таърихи нашр : 08-08-2022

Мушоҳидаҳо : 2012

Савол

Ман сӣ сола ҳастам. Шаш сол пеш пас аз муборизаи шадид бо куфр мусулмон шудам. Дар Фаронса зиндагӣ мекардам ва ба таври ниҳоӣ ба ватани худ баргаштам. Як лоиҳаи хурдеро ба кор андохтаму муваффақ нашудам. Қарзам зиёд гашта, ба бисту панҷ ҳазор доллар расид ва аз ин қарз раҳо шуда натавонистам. Бонк бароям қарзеро пешниҳод намуд, ки ман онро дар муддати се сол бо суди сӣ дар сад пардохт кунам. Баъзе аз бародарон ба ман насиҳат карданд, ки аз рибо дурӣ кунам, зеро ин амал маъсият ва нофармонии Аллоҳ аст, вале баъзе аз мардони дин гуфтанд, ки агар зарурат бошад, ҳеҷ боке надорад. Ман имрӯз таҳдид шудаам, ки агар он қарзеро, ки бар гарданам аст, пардохт накунам, зиндон мешавам. Ман ҳайронам, ки ин қарзро қабул кунам ва ё нӯҳ солро дар зиндон гузаронам. Бо вуҷуди ин, ки ҳукми ман ду моҳ пештар содир шуда буд, танҳо як моҳаш боқӣ мондааст. Аз шумо хоҳиш мекунам, ки ба ман фатво бидиҳед.

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Аввал: 

Сароғоз шуморо барои мусулмон шуданатон табрику таҳният мегӯем ва аз Аллоҳ мехоҳем, ки шуморо дар роҳи ҳақ устувор намояд ва тавфиқу ҳидоятатонро афзун кунад. Дониста бошед, ки мусулмон мавриди имтиҳон қарор мегирад, то воқеъӣ ва ё дурӯғин будани ӯ дар устувориӣ дар дин санҷида шавад. Бо сабаби имтиҳон Аллоҳ гуноҳони бандаро бахшида, дараҷаашро баланд мебардорад, вале зарур аст, ки дар ҳангоми мусибат аҷру савобро аз Парвардигори худ интизор шавад, нороҳатӣ ва ғазаб накунад, балки сабр намуда, аҷру подошро аз Аллоҳ интизор шавад.

Ҳар мусибате, ки ба моли шумо мерасад, як санҷише аз ҷониби Парвардигор аст. Кӯмак накардани атрофиён низ як санҷишест. Шумо, ки дар роҳи ҳақ ҳастед, сабр кунед ва роҳи тақво ва худотарсиро пеша гиред. Бешак, Аллоҳ таъоло ба тақводорон ваъда кардааст, ки барояшон аз тангӣ раҳоие медиҳад ва аз фазлу карами худ ба онҳо ризқу рӯзӣ медиҳад.  

Аллоҳ таъоло фармудааст:

 وَمَنْ يَتَّقِ اللهَ يَجْعَلْ لَهُ مَخْرَجاً. وَيَرْزُقْهُ مِنْ حَيْثُ لا يَحْتَسِبُ

سورة الطلاق: ٢ - ٣ 

«Ва ҳар кас аз Аллоҳ битарсад, (Аллоҳ) роҳи раҳоӣ (аз мушкилотро) барояш фароҳам мекунад. Ва ба ӯ аз ҷое, ки гумон надорад, рӯзӣ медиҳад».   (Сураи Талоқ: 2-3).

Аллоҳ таъоло фармудааст:

 وَمَنْ يَتَّقِ اللَّهَ يُكَفِّرْ عَنْهُ سَيِّئَاتِهِ وَيُعْظِمْ لَهُ أَجْراً

سورة الطلاق: ٥

 «Ва ҳар кас аз Аллоҳ битарсад, (Аллоҳ) гуноҳонашро мебахшад ва ба ӯ подоши бузурге медиҳад».   (Сураи Талоқ: 5).

Дуввум:

Бидонед, ки рибо яке аз чизҳои ҳаромест, ки ба ҳаром будани он дар шариат далелҳои қотеона вуҷуд дорад ва он яке аз гуноҳони бузург ба ҳисоб меравад.

Саввум:

Бидонед, ки анҷом додани чизҳои дар шариат ҳаромбуда дар ҳолатҳои маҷбурӣ ва ё зарурӣ раво ва мубоҳ мегардад.

Аллоҳ таъоло фармудааст:

 فَمَنِ اضْطُرَّ غَيْرَ بَاغٍ وَلا عَادٍ فَلا إِثْمَ عَلَيْهِ إِنَّ اللهَ غَفُورٌ رَحِيمٌ

سورة البقرة: ١٧٣

 

«Пас касе, ки (барои ҳифзи ҷони худ ба хӯрдани ин чизҳо) ночор (ва маҷбур) шавад, дар сурате, ки ситамгару таҷовузкор набошад, пас гуноҳе бар ӯ нест. Ҳамоно Аллоҳ омурзандаи меҳрубон аст».   (Сураи Бақара: 173).

Аллоҳ таъоло фармудааст:

 وَقَدْ فَصَّلَ لَكُمْ مَا حَرَّمَ عَلَيْكُمْ إِلَّا مَا اضْطُرِرْتُمْ إِلَيْهِ

سورة الأنعام: ١١٩

«Дар ҳоле, ки (Аллоҳ) он чиро бар шумо ҳаром кардааст, ба тафсил баён намудааст, магар ин ки ба (хӯрдани он) ночор (ва маҷбур) шавед».   (Сураи Анъом: 119).

Ин ҷо се чизро ба огоҳии шумо мерасонем:

1. Зарурате, ки дар бобати рибо аст, ба қарзгиранда дахл дорад, на ба қарздиҳанда. Аз ин рӯ, наметавон гуфт, ки қарздиҳанда ночору маҷбур аст, ки қарзи рибавӣ бидиҳад. Баръакси шахсе, ки ба қарз эҳтиёҷ дорад, зеро гоҳо мешавад, ки ҳама дарҳо барояш баста мешаванд ва ғайр аз қарзи рибавӣ гирифтан дигар чорае намемонад.

Дар фатвои "Маҷмаъу-л-буҳуси-л-исломия"-и шаҳри Қоҳира, дар ҳамоиши дуввумаш, моҳи Муҳаррами 1385- ҳиҷрӣ (моҳи майи соли 1995-и мелодӣ) чунин омадааст:

"Фоидае, ки аз тамоми намуди қарзҳо ба даст меояд, рибо ва ҳаром мебошад. Фарқе надорад, ки онро қарзи истеъмолӣ номанд ва ё қарзи кӯтоҳмуддат. Аз ин рӯ, рибо хоҳ зиёд бошад ва хоҳ кам, ҳаром аст. Қарзи рибавӣ додан ҳаром буда, онро ягон ҳоҷату зарурат раво намегардонад. Қарзи рибавӣ гирифтан низ чунин аст ва гуноҳ аз ӯ бардошта намешавад, то он даме ки ба он зарурат набошад. Меъёри зарурат бошад, ба виҷдону имони ҳар инсон вогузошта мешавад". Поёни сухан.

Дар "Ал-Мавсуъату-л-фиқҳияҳ" (6/167) омадааст:

Барои шахси ночор (ноилоҷ, дар тангӣ монда) ҷоиз аст, ки ба қадри зарурат бо рибо муомила кунад. "Дар ин ҳолат қарздиҳанда гунаҳгор мешавад, на қарзгиранда". Поёни сухан.

2. Шахсе, ки қарзи рибавӣ мегирад, бояд барои ба ин амали ҳаром даст заданаш ҳоҷати зарурӣ дошта бошад ва набояд он ҳоҷат ба ҳадде бошад, ки имкони аз он даст кашидан бошад. Зарурат ба зараре, ки ба дин, бадан, ақл, номус ва моли ӯ мерасад, вобастагӣ дорад, ки онро "Заруроти панҷгона" меноманд. Зарурат машаққате нест, ки инсон тоқати бардошти онро дошта бошад, балки заруратест, ки боиси ба ҳалокат расидани инсон, нобудшавии баъзе аъзояш, зиндонь шудан ба муддати тӯлонӣ ва ё гирифторӣ ба бемории доимӣ мегардад.

Абуабдуллоҳи Заркашӣ (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) гуфтааст:

Зарурат ин аст, ки шахс ба як ҳолате расад, ки агар чизи ҳаромро нахӯрад, ҳалок мегардад ва ё қариб ҳалок мешавад, ба монанди ночоре, ки ба хӯрдану пӯшидан ниёз дорад, ки агар гурусна ва ё бараҳна монад, ҳалок мешавад ва ё ягон узваш нобуд мегардад. Дар ин гуна ҳолатҳо, хӯрдани ҳаром ҷоиз аст.

Ҳоҷат мисли шахси гуруснаест, ки агар барои хӯрдан ягон чиз пайдо накунад, ранҷу машаққат мекашад, вале ҳалок намешавад. Дар ин гуна ҳолат, хӯрдани ҳаром ҷоиз намегардад.

"Ал-Мансуру фи-л-қавоъид" (2/319).

Дар китоби "Назарияту-з-зарурати-ш-шаръияҳ" (саҳ 67, 68) омадааст:

"Зарурат, ҳолатест, ки инсон ба хатар ё машаққати сахт мувоҷеҳ мешавад, ба ҳадде ки хавфи расидани зарар ба нафси ӯ, узв, номус, ақл ва ё мол ва амсоли он бошад. Дар ин ҳолат, ба хотири дур кардани зарар, бо ағлаби гумон дар доираи шариат, ба ҳаром даст задан, тарк ва ё ба таъхир андохтани воҷиб аз вақташ раво мебошад". Поёни сухан.

3. Зараре, ки дар ҳоли пардохт накардани қарз ба шумо мерасад, бояд яқинӣ ва ё бо ағлаби гумон бошад. Набояд он хаёлӣ ва ё воҳима бошад.

Албатта, бархе дар масъалаи истифода аз қарзи рибавӣ аз ҳад гузаштаанд. Онҳо харидани хона, мошин, иваз кардани мебели хона ва ё харидани телефонро аз зарурот шуморида, бо ҳамин узр, бо муассисаҳои рибавӣ муомила мекунанд. Онҳо шахсонеро пайдо кардаанд, ки ба ин гуна чизҳо барояшон фатво медиҳанд.

Аксари мардум маънои заруратро дуруст дарк накарда, барои гирифтани қарзи рибавӣ рӯ ба банку муассисаҳои рибавӣ овардаанд. Барои ба даст овардани молҳои лозима роҳҳои дурустро тамоман ҷустуҷӯ намекунанд. Аз ҷумлаи роҳҳое, ки шариат барои ба даст овардани мол, дуруст донистааст, инҳоанд: Кори раво, қарзи бидуни фоиз, молеро бо пули насия харида, бо пули нақд фурӯхтан.

Бояд донист, ки аксари ин шахсон шоистаи гирифтани закот мебошанд. Аз ин хотир, ҳеҷ боке надорад, ки аз муассисаҳое, ки ба ҷамъу тақсими закот сарукор доранд, дархости мол кунанд.

Аммо дар масъалаи шумо гуфтанием, ки агар бо роҳҳои шаръӣ мол пайдо карда тавонед, барои қарзи рибавӣ гирифтан узр надоред. Агар қарзи худро тадриҷан ҳисса ба ҳисса адо карда тавонед, дар ин ҳолат ҳам барои гирифтани қарзи рибавӣ узре надоред. Агар бо роҳҳои мубоҳ маблағ ёфта натавонед ва бар асари он хатари зиндон ба шумо таҳдид кунад, умед мекунем, ки шумо дар истифодаи қарзи бофоиз аз ҳамон ашхоси узрдор ва маҷбур ҳисобида мешавед ва ба шумо гуноҳе нест, гунаҳгор ҳамон шахсест, ки ба шумо қарзи рибавӣ додааст ва ҳамон шахсе, ки ҳолати шуморо медонист ва қудрати ёрӣ кардани шуморо дошт, вале кӯмак накард.

Бояд донист, ки донишмандон мегӯянд: "Зарурат ба андозааш раво аст". Маънои ин сухан - дар ҳолати шумо - ин аст, ки бояд шумо аз бонк танҳо ба қадри зарурате, ки бо гирифтани он зарару азиятро аз худ дур мекунед, маблағ гиред. Аз он зиёд гирифтанатон ҷоиз нест. Инчунин ба огоҳии шумо расониданием, ки агар баъд аз он мол пайдо кунед, бояд дар пардохт кардани қарзи бонк шитоб кунед, агарчи бо ин роҳ аз фоидаи рибавӣ ба таври куллӣ ва ё қисман халос шавед.

Аз Аллоҳ таъоло хоҳонем, ки бароятон тақвову амали солеҳро насиб гардонад, аз фазли хеш шуморо сарватманд созад, шуморо аз гуноҳон наҷот бидиҳад, шуморо дар роҳи ҳақ собитқадам намояд ва ҳидояту тавфиқатонро афзун кунад.

     Аллоҳ донотар аст.

Сарчашма: Ислом савол ва ҷавоб