Чоршанбе 17 Ҷумода-л-охира 1446 - 18 Декабр 2024
Тоҷикӣ

Оё аз паси шавҳари риштароши изордарозаш намоз бихонад?

9634

Таърихи нашр : 11-12-2024

Мушоҳидаҳо : 301

Савол

Оё беҳтар аст, ки зан танҳо намоз бихонад ё аз паси шавҳараш, ки ришашро метарошад ва изори худро (аз буҷулаки пояш) дароз мекунад, намоз бихонад?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Мо ин саволро ба Ҷаноби Шайх Абдуллоҳ ибни Ҷибрин матраҳ намудем. Ӯ (Аллоҳ ӯро ҳифз кунад) чунин посух дод:

Ба назари мо, беҳтар аст, ки танҳо намоз бихонад. Асос ин аст, ки имоматии шахси фосиқ мамнӯъ ва аз пушти ӯ намоз хондан макруҳ аст.

Сарчашма: Шайх Абдуллоҳ ибни Ҷибрин