Қироати Қуръон аз беҳтарин амалҳост. Аллоҳ таъоло мефармояд:
إِنَّ الَّذِينَ يَتْلُونَ كِتَابَ اللهِ وَأَقَامُوا الصَّلَاةَ وَأَنفَقُوا مِمَّا رَزَقْنَاهُمْ سِرًّا وَعَلَانِيَةً يَرْجُونَ تِجَارَةً لَّن تَبُورَ
سورة فاطر: ٢٩
«Ҳамоно касоне, ки Китоби Аллоҳро тиловат мекунанд ва намозро барпо медоранд ва аз он чӣ ба онҳо рӯзӣ додаем, пинҳону ошкоро инфоқ мекунанд, ба тиҷорате умед доранд, ки ҳаргиз барбод намешавад». (Сураи Фотир: 29).
Паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст:
«Ҳар кас як ҳарф аз Китоби Аллоҳро бихонад, барои ӯ як савоб навишта мешавад ва ҳар савоб даҳ баробар подош дорад. Намегӯям, ки “Алиф, Лом, Мим” як ҳарф аст, балки “Алиф” як ҳарф, “Лом” як ҳарф ва “Мим” як ҳарф аст».
Ривояти Тирмизӣ (2910). Албонӣ ин ҳадисро дар китоби "Саҳиҳу-т-тирмизӣ» саҳеҳ донистааст.
Пас, қироати Қуръон амали солеҳ ва ибодати бузург аст, ба шарте ки бо тадаббур ва андеша дар оёти он ва амал ба аҳкоми он ҳамроҳ бошад. Музд гирифтан барои қироати Қуръон ҷоиз нест, зеро қироати Қуръон яке аз василаҳои наздикӣ ба Аллоҳ ва аз ҷумлаи ибодатҳост. Аз ин рӯ, музд гирифтан барои ибодатҳо ва амалҳое, ки инсонро ба Аллоҳ наздик месозанд, ҷоиз нест.
Ҳамчунин қироати Қуръон барои арвоҳи фавтидагон бидъат аст ва ҳеҷ далеле бар машрӯъияти он вуҷуд надорад. Бинобар ин, ҷоиз нест, ки қироати Қуръон ба касбу ҳунаре барои дарёфти ризқу рӯзӣ табдил дода шавад, зеро ҳар кас Қуръонро ба хотири музд гирифтан қироат кунад, назди Аллоҳ таъоло ҳеҷ аҷру савобе нахоҳад дошт.
Аллоҳ таъоло мефармояд:
مَن كَانَ يُرِيدُ الْحَيَاةَ الدُّنْيَا وَزِينَتَهَا نُوَفِّ إِلَيْهِمْ أَعْمَالَهُمْ فِيهَا وَهُمْ فِيهَا لَا يُبْخَسُونَ ❁ أُولَٰئِكَ الَّذِينَ لَيْسَ لَهُمْ فِي الْآخِرَةِ إِلَّا النَّارُ وَحَبِطَ مَا صَنَعُوا فِيهَا وَبَاطِلٌ مَّا كَانُوا يَعْمَلُونَ
سورة هود: ١٥-١٦
«Касоне, ки зиндагии дунё ва зинати онро мехоҳанд, (подоши) амалҳояшонро дар ҳамин дунё ба пуррагӣ медиҳем ва дар он ҳеҷ каму косте нахоҳанд дид. Онҳо касоне ҳастанд, ки дар охират ҷуз оташ насибе надоранд. Ва он чи дар дунё анҷом додаанд, барбод рафтааст ва ҳар он чи мекарданд, ботил гардидааст». (Сураи Ҳуд: 15-16).
Ва ҳар касе, ки бо амали охират дар пайи дунё бошад ва бо ибодат дунёро бихоҳад, нисбат ба ӯ азоби сахте ваъда шудааст ва амалаш ботил аст. Аз ин рӯ, барои саволдиҳанда ҷоиз нест, ки ин корро идома бидиҳад. Бар ӯ воҷиб аст, ки аз он чи содир шудааст, назди Аллоҳ таъоло тавба кунад. Ҳамчунин барои ӯ ҷоиз нест, ки бо маблағе, ки аз ин роҳ ба даст овардааст, фаризаи ҳаҷро адо намояд.
Мутаассифона, дар замони ҳозираи мо бисёре аз қориён қироати Қуръонро ба василаи дарёфти рӯзӣ табдил додаанд. Онҳо дар маросими азодорӣ, назди қабрҳо ва барои арвоҳи фавтидагон Қуръон қироат мекунанд ва дар баробари он музде мегиранд ё ба манфиате чашм медӯзанд. Ин амал ботил аст ва чунин даромад ҳалол нест.
Зеро қироати Қуръон барои арвоҳи фавтидагон дар ивази музд:
Якум: ҳатто агар бе музд ҳам бошад, ҳеҷ далеле бар машрӯъияти он вуҷуд надорад.
Дуюм: музд гирифтан барои чунин амал ҷоиз нест ва ин аз ҷумлаи ноҳақ хӯрдани мол аст.
Он чи ба бародарони мусалмон ва ҳомилони Қуръон тавсия медиҳем, ин аст, ки аз чунин корҳо дурӣ ҷӯянд, ризқу рӯзиро аз роҳҳои ҳалол ва касбу даромадҳои пок ҷустуҷӯ намоянд. Китоби Аллоҳро роҳнамои худ қарор диҳанд ва онро бо нияти холис барои Аллоҳ таъоло тиловат кунанд ва аз ин кор ҳеҷ як аз манфиатҳои дунявиро дар назар надошта бошанд.
Ва Аллоҳ тавфиқдиҳанда аст.
Аз китоби "Ал-Мунтақо мин фатово"-и Шайх Солеҳ Ал-Фавзон (3/90).