Якшанбе 21 Ҷумода-л-охира 1446 - 22 Декабр 2024
Тоҷикӣ

Ӯ дар хоб мебинад, ки хеши фавтидааш ӯро таъқиб мекунад

9771

Таърихи нашр : 13-08-2024

Мушоҳидаҳо : 2317

Савол

Як хеше доштам, ки дар зинда буданаш маро бад медид, маро таҳаммул карда наметавонист ва маро мезад. Аллоҳ ҷони ӯро гирифт. Дар ин рӯзҳо хобҳои ташвишоваре мебинам, ки ӯ ману духтарчаамро таъқиб мекунад, вале ман аз ӯ мегурехтам ва ӯ маро дастгир карда наметавонист. Лутфан маро ба чизе, ки боиси оромиши ман аст, роҳнамоӣ намоед.

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Ин хобҳо ва дигар хобҳои бад аз ҷониби шайтон аст. Барои мусулмон машрӯъ аст, ки агар хоби баде бубинад, се бор ба тарафи чапаш туф кунад ва (се бор) аз шайтон ва аз шарри он чизе, ки дар хоб дидааст, ба Аллоҳ паноҳ бибарад, сипас ба паҳлӯи дигараш бихобад, он гоҳ ин хоб ба ӯ зараре намерасонад ва он хобро ба касе нақл накунад, зеро дар ҳадиси саҳеҳ омадааст, ки паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) мефармояд:

«Хоби нек аз ҷониби Аллоҳ ва хоби бад аз ҷониби шайтон аст. Ҳар гоҳ яке аз шумо хоби баде дид, се маротиба ба тарафи чапи худ туф кунад ва се маротиба аз шайтон ва аз шарри он чизе, ки дар хоб дидааст, ба Аллоҳ паноҳ бибарад, сипас ба паҳлӯи дигараш бихобад. Он гоҳ ин хоб ба ӯ зараре намерасонад. Ва он хобро ба касе нақл накунад. Агар хоби нек бубинад, Аллоҳро ҳамду сано бигӯяд ва онро ба касе, ки дӯсташ дорад, нақл бикунад».

Сарчашма: Китоби "Маҷмуъу фатово ва мақолотун мутанаввиъа"-и Шайх Аллома Абдулазиз ибни Абдуллоҳ ибни Боз (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод), ҷилди 8, саҳифаи 359