Панҷшанбе 25 Ҷумода-л-охира 1446 - 26 Декабр 2024
Тоҷикӣ

Закоти фитр ба ҷои зани талоқ додашуда, талоқи раҷъӣ

Савол

Зане шавҳараш ӯро як талоқ додааст, оё бар шавҳар воҷиб аст, ки закоти фитри ӯро низ бидиҳад?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Аввал:

Закоти фитр бар инсон (мусулмон) воҷиб аст ва инчунин бар касоне, ки нафақаи онҳо бар ӯҳдаи ӯст, ба монанди ҳамсар ва писар ва ғайри онон. (Яъне ҳам закоти фитри худаш ва ҳам закоти фитри ҳамсару фарзандонашро бояд пардохт кунад). Зеро Дорқутнӣ ва Байҳақӣ аз Ибни Умар (Аллоҳ аз он ду хушнуд бод) ривоят кардаанд, ки паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст: «Садақаи фитри касонеро, ки нафақаи онҳо бар ӯҳдаи шумост, бидиҳед».   Лекин ин ҳадиси заиф мебошад. Дорқутнӣ, Байҳақӣ, Нававӣ, Ибни Ҳаҷар ва дигарон ин ҳадисро заиф донистаанд.

Ниг : "Ал-Маҷмуъ" (6/113) ва "Талхису-л-ҳабир" (2/771).

Донишмандони кумитаи доимии фатво гуфтаанд: "Закоти фитр бар худи инсон ва ба ҷои касоне, ки нафақаи онҳо бар ӯ воҷиб аст, аз ҷумла ҳамсар лозим аст, зеро нафақаи ҳамсар бар шавҳар воҷиб аст". Поёни сухан.

"Фатово-л-лаҷнату-д-доимату ли-л-ифто" (9/367).

Дуввум:

Зан агар талоқи раҷъӣ дода шавад (яъне талоқи аввал ё дувум), ӯ дар ҳукми ҳамсарон мебошад ва ӯ мисли дигар ҳамсарон (бар болои шавҳар) дар нафақа ва ҷои истиқомат ҳақ дорад, модоме ки дар идда бошад. Закоти фитр тобеи нафақа аст. Модоме ки нафақаи зани талоқи раҷъӣ додашуда бар ӯҳдаи шавҳар аст, пас закоти фитр низ бар ӯҳдаи шавҳар мебошад.

Нававӣ дар китоби "Ал-Маҷмуъ" (6/74) фармудааст: "Асҳобамон гуфтаанд: Закоти фитри ҳамсар, ки талоқи раҷъӣ дода шудааст, ба монанди нафақааш бар шавҳараш воҷиб аст". Поёни сухан.

Ибни Юсуф Ал-Маввоқ яке аз пайравони мазҳаби моликӣ дар китоби "Ат-Тоҷу ва-л-иклил" (3/265) гуфтааст: "Агар мард занеро, ки ба ӯ духул карда буд, талоқи раҷъӣ диҳад, нафақа ва закоти фитри он зан бар ӯҳдаи шавҳар аст. (Яъне шавҳар вазифадор аст, ки ба ҳамсараш нафақа кунад ва закоти фитри ӯро адо намояд). Поёни сухан бо каме тағйирот.

Баъзе аз донишмандон бар ин назаранд, ки шавҳар вазифадор нест, ки закоти фитри ҳамсарашро пардохт намояд, балки он бар худи зан воҷиб аст ва ин мазҳаби Имом Абуҳанифа (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) аст ва Шайх Ибни Усаймин ин назарро баргузидааст. Лутфан ба ҷавоби саволи (99353) нигаред.

Барои мард шоиста аст, ки роҳи эҳтиётноктарро барои бароати зиммаи худ интихоб намояд. Аз ин рӯ, закоти фитрро ба ҷои ҳамсари талоқи раҷъӣ шудааш бипардозад, хусусан ин ки закоти фитр миқдори каме аст ва одатан пардохти он бар шавҳар душвор нест.

         Аллоҳ донотар аст.

Сарчашма: Ислом савол ва ҷавоб