Якшанбе 21 Ҷумода-л-охира 1446 - 22 Декабр 2024
Тоҷикӣ

Ҳукми қироат кардани Қуръон дар назди қабри маййит

Савол

Дар деҳаи мо баъзе мардум гурӯҳе аз шайхонеро, ки Қуръон хонда метавонанд, даъват мекунанд. Онҳо ба далели он, ки ин Қуръон ба маййит фоида карда, барои ӯ сабаби раҳмат мешавад, қуръонхонӣ мекунанд. Беъзеи дигар бошанд, барои дар назди қабри маййит Қуръон хондан як ё ду шайхеро даъват мекунанд. Баъзеи дигар барои таҷлили солгарди вафоти наздикашон  ҷамъомади бузургеро ташкил намуда, ба он яке аз қориҳои машҳурро даъват мекунанд ва онҳо ба воситаи баландгӯякҳо  қуръонхонӣ  мекунад. Ҳукми ингуна амалҳо дар  дин  чист? Оё  қироати Қуръон барои маййит чӣ дар дохили қабр бошад, чӣ дар берун, фоидае мекунад? Роҳи намунавӣ барои фоида кардани маййит чист? Дар ин масъала ба мо фатво медодед. Аллоҳ бароятон беҳтарин подош диҳад. Ташаккур ва миннатдории худро бароятон баён мекунам.

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Ин амал бидъат буда ҷоиз нест. Чуноне ки паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст: "Ҳар кас дар дини мо чизеро ки дар он нест, пайдо кунад, он радшуда аст".    Бар саҳеҳ будани ин ҳадис иттифоқ кардаанд.

Инчунин паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст: "Шахсе ки амреро, ки дар он амри мо нест, анҷом диҳад, он рад аст".   Муслим ин ҳадисро дар китоби "Саҳиҳи"-и худ ривоят кардааст. Дар ин бобат ҳадисҳои зиёде омадааст.

Дар назди қабр Қуръон хондан ва барои фавтидагон маҳфил оростану солгардашонро ҷашн гирифтан, аз суннати паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) ва суннати халифаҳои ҳидоятёфта (Аллоҳ аз онҳо хушнуд бод) намебошад. Тамоми некӣ дар пайравии расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) ва  халифаҳои ҳидоятёфта ва шахсоне, ки роҳи онҳоро пеша кардаанд, мебошад.

Чуноне ки Аллоҳ азза ва ҷалла фармудааст:

 وَالسَّابِقُونَ الْأَوَّلُونَ مِنَ الْمُهَاجِرِينَ وَالْأَنصَارِ وَالَّذِينَ اتَّبَعُوهُم بِإِحْسَانٍ رَّضِيَ اللَّهُ عَنْهُمْ وَرَضُوا عَنْهُ وَأَعَدَّ لَهُمْ جَنَّاتٍ تَجْرِي تَحْتَهَا الْأَنْهَارُ خَالِدِينَ فِيهَا أَبَدًا ذَٰلِكَ الْفَوْزُ الْعَظِيمُ

سورة التوبة: 100

"Аз он гурӯҳи нахустин, аз муҳоҷирон (онҳое, ки ватани худро тарк намуда аз Макка ба Мадина ҳиҷрат намуданд) ва ансор (аҳли Мадина) ва касоне, ки ба хубӣ аз онҳо пайравӣ намуданд, Аллоҳ аз онҳо хушнуд гашт ва онҳо (низ) аз Ў хушнуд шуданд. Барои  онҳо боғҳое, ки аз зери онҳо дарёҳо ҷорӣ мешавад, омода намудааст, дар он ҷовидона хоҳанд монд, ин аст комёбии бузург".   (Сураи Тавба: 100).

Паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст: "Пас ба суннати ман ва суннати хулафои рошидини ҳидоятёфта баъд аз ман чанг занед ва онро бо дандонҳо маҳкам бигиред ва аз амалҳои навпайдо шуда дар дин бипарҳезед. Зеро ҳар як амали навпайдо шуда бидъат аст ва ҳар як бидъат гумроҳӣ аст".

Дар ривояти саҳеҳ омадааст, ки паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) дар хутбаи намози ҷумъа чунин мегуфт: "Аммо баъд, беҳтарин сухан, китоби Аллоҳ аст ва беҳтарин роҳнамоӣ, роҳнамоии Муҳаммад (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) аст ва бадтарин корҳо, корҳои навпайдост ва ҳар як бидъат гумроҳист".

Дар ин бобат ҳадисҳои зиёде омадааст.

Паёмбар дар ҳадисҳои саҳеҳ он чизҳоеро, ки барои мусулмон баъди вафот намуданаш фоида меорад, баён намудааст.

Паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст: "Вақте ки инсон бимирад, савоби амалҳояш қатъ мешаванд, ба истиснои се амал, садақаи ҷорӣ, ё илме, ки аз он баҳра бурда шавад, ё фарзанди неке, ки барояш дуо кунад".   Муслим ин ҳадисро дар китоби "Саҳиҳи"-и худ ривоят кардааст.

Марде аз паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) савол намуда гуфт: Эй Расулуллоҳ, оё баъди вафот намудани падару модарам ягон некие ҳаст, ки ба онҳо кунам? Паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд: "Оре, дуову истиғфор баҳри онон, иҷрои аҳдашон баъди маргашон, эҳтироми дӯсти онҳо ва алоқа кардан бо касоне, ки танҳо бо онҳо алоқа доштанд".

Мақсад аз аҳд, васияти маййит мебошад. Некӯӣ ба падару модар, ин иҷро намудани васияташон модоме, ки мувофиқи шариат бошад. Инчунин некӯии фарзанд ба падару модар, аз номи онҳо садақа кардан ва дар ҳаққи онҳо дуо намудан ва аз номи онҳо ҳаҷ ва умра кардан. Тавфиқ аз ҷониби Аллоҳ аст.

Сарчашма: Китоби "Маҷмӯу фатово ва мақолотун мутанаввиа"-и Шайх аллома Абдулазиз ибни Абдуллоҳ ибни Боз (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) (Ҷ: 9, саҳ: 319).