Шанбе 27 Ҷумода-л-охира 1446 - 28 Декабр 2024
Тоҷикӣ

Ҳукми "Рукон" ном гузоштан

99911

Таърихи нашр : 07-10-2020

Мушоҳидаҳо : 1388

Савол

Ҳукми ба фарзанд Рукон ном гузоштан чист? Зеро баъзе шахсон мегӯянд, ки ин номи яке аз дарвозаҳои ҷаҳаннам аст.

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Интихоби номи хуб, ин ҳаққи навзод бар болои падари худ аст. Ном дар ҳаёти инсон аҳмияти бузург дорад. Ном унвони шахс ва нишона ва барои муошарат бо ӯ як чизи зарурӣ аст. Ном зинати шахс ва нишонаест, ки бо он дар охират ва дунё даъват карда мешавад. Ном дар назди мардум мартабаҳо ва нишонаҳои худро дорад. Ном дар назди онон ба монанди либосест, ки агар кӯтоҳ бошад, зишт аст ва агар дароз бошад, низ зишт аст.

Муҳимтарин одобе, ки ҳангоми интихоби номи навзод бояд риоя карда шавад, дар ҷавоби саволи рақами (7180) баён карда шудааст.

Дар гузоштани номи Рукон ҳеҷ ишколе вуҷуд надорад. Номҳои Рукон, Рукона ва Ракин аз ҷумлаи номҳои араб мебошад. Мо дар ягон китобе пайдо накардем, ки ин номи яке аз дарвозаҳои ҷаҳаннам бошад, аммо агар ин собит шавад, ин номро гузоштан макрӯҳ аст.

   Аллоҳ донотар аст.

Сарчашма: Ислом савол ва ҷавоб